Дар шаҳри Душанбе панҷумин чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) оид ба футзал миёни дастаҳои мунтахаби занона ба анҷом расид.
Дар мусобиқа мунтахабҳои се кишвар – Тоҷикистон, Эрон ва Қирғизистон иштирок намуданд. Рақобатҳо аз рӯи низоми даврӣ баргузор шуда, ҳар як даста бо рақибони худ як бозӣ анҷом дод.
Ғолиби чемпионати CAFA-2026 мунтахаби занонаи Эрон гардид. Ин даста бар муқобили Қирғизистон бо ҳисоби 5:0 ва бар Тоҷикистон бо ҳисоби 8:1 пирӯзӣ ба даст овард. Мунтахабҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон ҳар кадом як имтиёзӣ соҳиб шуданд. Аммо бинобар беҳтар будани таносуби тӯбҳо мунтахаби Қирғизистон медалҳои нуқраро моли хеш кард. Дастаи занонаи Тоҷикистон бошад, бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гардид.
Дар ҷамъбаст ба мунтахаби Тоҷикистон ҷоизаи махсус тақдим карда шуд. Мунтахаби Эрон бо ҷоизаи «Fair Play» қадрдонӣ гардид. Унвони боарзиштарин бозигари мусобиқа насиби Марал Торкамон аз ҳайати мунтахаби Эрон шуда, Фаришта Каримӣ, ҳамчунин аз тими миллии Эрон нишонзани беҳтарини чемпионат гардид.