Сармураббии тими миллии Тоҷикистон Гела Шекиладзе дар бораи бозии дарпешистода бо тими миллии Филиппин дар мусобиқаи «Ҷоми Мердека-2024» ибрози назар кард. Ин дидор рӯзи 8 сентябр дар Варзишгоҳи миллии Букит Ҷалили Куала-Лумпур баргузор мешавад.
Гела ШЕКИЛАДЗЕ, сармураббии мунтахаби Тоҷикистон:
– Бозии аввали мусобиқа бо Лубнон душвор буд. Мо дар гармии ҳаво бозӣ кардем, майдон дурушт буд, аммо ҳарду даста дар шароити якхела буданд. Дар рақобат бо Лубнон се бозигари ҷавон дар ҳайати мунтахаби мо бори аввал бозӣ карданд ва фикр мекунам, ки онҳо худро хуб нишон доданд.
Соли гузашта дар «Ҷоми Мердека» дар Малайзия Алишер Шукуров нахустин баромади худро дар ҳайати тими миллии Тоҷикистон анҷом дод, ки баъдан бо ҳунарнамоии хуби худ дар Ҷоми Осиё-2023 бозигари асосии тими миллӣ гардид. Вохӯриҳои рафиқона барои ҳамин лозиманд, ки ҷавонон санҷида шаванд. Ман фикр мекунам, ки ин як равиши хуб аст. Аз ин рӯ, аз мухлисон хоҳиш мекунам, ки сабр намуда, тими миллии Тоҷикистонро дастгирӣ кунанд.
Мо дар якҷоягӣ бо Федератсияи футбол ба бошгоҳҳои «Истиқлол» ва «Равшан», ки хоҳиш карданд, то дар рӯзҳои ФИФА-и моҳи сентябр бозингаронашонро даъват накунем ва ба онҳо вақт бидиҳем, то ба Лигаи қаҳрамонҳои КФО омода шаванд, кӯмак кардем. Пешниҳодашонро пазируфтем.
Дар робита ба бозии дарпешистода бо Филиппин, мо дар ҳайат тағйирот ворид хоҳем кард. Ба ҳама имконият медиҳем, ки худро нишон диҳанд. Барои мо чизи асосӣ омодагӣ ба бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2027 аст, ки моҳи марти соли оянда оғоз мешаванд.