Федератсияи футболи Тоҷикистон Исроил Шарифов, муовини якуми раиси Федератсияи футболи вилояти Хатлон, раиси бошгоҳи футболи «Хатлон»-и Бохтаррро ба муносибати 60-солагии зодрӯзаш табрик гуфт.
Имрӯз дар дафтари Федератсияи футболи Тоҷикистон ба Исроил Шарифов аз номи президенти ФФТ Рустами Эмомалӣ номаи шодбошӣ супурда шуд.
Аз номи ҷомеаи футбол ба Исроил Мардонович саломатии бардавом, умри дароз ва дар рушди футболи вилояти Хатлон комёбиҳои навро таманно дорем.