Ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Дилшод Ҷӯразода аз дафтари Федератсияи футболи Италия дар шаҳри Рим дидан карда, дар ҷараёни он протокол оид ба ҳамкориҳои дуҷониба имзо намуданд.
Ноиби президенти ФФТ Дилшод Ҷӯразода зимни сафар бо президенти Федератсияи футболи Италия Габриэл Гравина ва дабири кулли ФФИ Марк Брунелли мулоқот анҷом дод.
Вохӯрӣ дар фазои гарму самимӣ ва дӯстона гузашт, ки дар рафти он ҷонибҳо як қатор масъалаҳои муҳимро муҳокима намуда, дар бораи ҳамкории доимии байни федератсияҳои миллӣ ба мувофиқа расиданд.