Душанберо ба шаҳри сабз табдил медиҳем – Федерация Футбола Таджикистана

Душанберо ба шаҳри сабз табдил медиҳем

Дар асоси иқдоми Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ – “Душанберо ба шаҳри сабз табдил медиҳем” аз ҷониби Федератсияи футболи Тоҷикистон дар ҳудуди Варзишгоҳи марказии пойтахт маъракаи ниҳолшинонӣ ташкил гардида, теъдоди зиёди ниҳолҳои ороишӣ ва хамешасабз шинонида шуда, як қатор корҳои дигари ободонӣ низ гузаронида шуд.

Дар маъракаи ниҳолшинонӣ бозингарони дастаҳои мунтахаби наврасони то 16 сола ва ҷавонони то 19 солаи кишвар, роҳбарият ва кормандон, инчунин намояндагони департаменти доварону нозирони Федератсияи футболи Тоҷикистон фаъолона ширкат намуда, дар кабудизоркунии ҳудуди варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе ҳиссаи худро гузоштанд.

Назари худро бинависед