Ҳайати доварон аз Тоҷикистон барои хизматрасонии бозиҳои чемпионати Арабистони Саудӣ даъват шуданд.
Дар доираи ёддошти ҳусни тафоҳум байни Федератсияҳои футболи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлати Арабистони Саудӣ ҳайати доварони Тоҷикистон бозиҳои чемпионати Арабистони Саудиро хизматрасонӣ хоханд кард.
Реферони ФИФА Насрулло Кабиров (Норак) ва Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе), инчунин ёварони рефери ФИФА Акмал Буриев (Турсунзода) ва Хусрави Сиддиқзод (Душанбе), ки ба рӯйхати доварони баргузидаи Конфедератсияи футболи Осиё шомиланд, барои хизматрасонии бозиҳои чемпионати Арабистони Саудӣ сафар мекунанд. Ҳайати ҳакамони зикршуда, бозиҳои двизиони якуми ин кишварро хизматрасонӣ мекунанд. Дар лигаи якуми Арабистони Саудӣ, ки 20 даста баромад мекунад, айни замон 16 давр баргузор шуда, ҷадвали мусобиқаро бо 43 имтиёз дастаи «Ал-Хазм» ишғол менамояд.