Департаменти доварони Федератсияи футболи Тоҷикистон қарор кард, ки аз хизматрасонии бозиҳо тамоми ҳайати доварон ва нозири бозии марҳилаи пешакии Ҷоми Тоҷикистон байни дасаҳои “Панҷшер” ва “Саройкамар”-ро барканор созад.
Қаблан, Кумитаи назорати интизоми ФФТ алоқамандона ба халалдор шудани қоидаи муқарраргаштаи ивазшавии бозигарон ва ба ҷои се имконият аз чор имконият истифода намудани дастаи “Саройкамар” дар марҳилаи пешакии Ҷоми Тоҷикистон муқобили “Панҷшер” ба даста бо ҳисоби 3 бар 0 бохти техникӣ эълон намуда буд.
Департаменти доварони ФФТ, инчунин ба шахсони расмии бозӣ ҳам муҷозоти интизомӣ қабул намуд. Доварони ин вохӯрӣ Сайвалӣ Турдиев, ёварони сардовар Ҳамза Шоймардонов ва Маҳмадраҷаб Каримов ва инчунин довари эҳтиётӣ Наврӯз Воҳидов аз ҳаққи хизматрасонии ду даври тамоми бозиҳое, ки аз ҷониби ФФТ баргузор мешаванд, маҳрум карда шуданд.
Илова бар ин, нозири бозии “Саройкамар” – “Панҷшер” Абдулло Алимов аз ҳаққи хизматрасонии чор даври тамоми бозиҳое, ки аз ҷониби ФФТ баргузор мешаванд, маҳрум карда шуд.