Доварон аз Тоҷикистон ба бозиҳои марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2022 даъват шуданд – Федерация Футбола Таджикистана

Доварон аз Тоҷикистон ба бозиҳои марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2022 даъват шуданд

Доварон аз Тоҷикистон барои хидматрасонии бозиҳои марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2022 даъват шудаанд.

Довари ФИФА Насрулло Кабиров аз Норак дар бозиҳои марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2022 дар минтақаи ғарбӣ, ки аз 7-ум то 28-уми апрел дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, ҳакамӣ мекунад.

Довари ФИФА Гулмуроди Саъдулло ва ёвари довари ФИФА Хусрави Сиддиқзод барои доварии бозиҳои гурӯҳи «G»-и Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2022 дар минтақаи шарқӣ даъват шудаанд. Мусобиқаи мутамарказ аз 15 то 30 апрел дар Таиланд баргузор мешавад.

Назари худро бинависед