Дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) таҳти роҳбарии Марко Раҷини дар Дубай ҷамъомади таълимиву тамринӣ мегузаронад, ки аз 24 то 29 декабр давом меёбад.
Дар ин ҷамъомади таълимиву тамринӣ мунтахаби наврасони мо бо ҳамсолони худ аз Амороти Муттаҳидаи Араб ду бозии дӯстона анҷом медиҳад. Вохӯриҳо рӯзҳои 26 ва 28 декабр баргузор мешаванд.
Бояд гуфт, ки рақобатҳои дарпешистода барои наврасони мо марҳилаи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 мебошад, ки аз 3 то 20 апрел дар Арабистони Саудӣ доир мешавад. Рақибони дастаи наврасони кишвар дар гурӯҳ 23 январ дар қуръакашии мусобиқот маълум хоҳанд шуд.