Дастаи мунтахаби миллии занонаи Тоҷикистон ба Ҷоми Осиё-2022 роҳ наёфт – Федерация Футбола Таджикистана

Дастаи мунтахаби миллии занонаи Тоҷикистон ба Ҷоми Осиё-2022 роҳ наёфт

Дастаи мунтахаби занонаи футболи Тоҷикистон дар бозии охиринаш дар марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2022 дар гурӯҳи «В» аз тими миллии Ветнам бо ҳисоби бузурги 0:7 шикаст хӯрд ва аз ҳаққи ширкат дар қисми ниҳоии мусобиқа маҳрум гашт.

Бозии даври севум ва охирини мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2022 дар гурӯҳи «В» миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Ветнам шоми чоршанбе, 29-уми сентябр, дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд.

Ветнамиҳо дар нимаи аввали дидор ду гол ва дар нимаи дувум панҷ гол ба самар расониданд, ки яктоаш аз пеналти ё ҷаримаи 11-метрӣ буд.

 

Марҳилаи интихобии қаҳрамонии-2022 байни дастаҳои мунтахаби занона

Гурӯҳи “В”

Даври 1-ум

23 сентябр (панҷшанбе)

Молдив – Ветнам – 0:16

 

Даври 2-юм

Тоҷикистон – Молдив – 4:0

Голҳо: Лайло Ҳалимова, 2 (1:0). Некӯбахт Худододова, 13 (2:0). Лайло Ҳалимова, 24 (3:0). Наталя Сотникова, 58 (4:0).

Беҳтарин бозигари дидор: Лайло Ҳалимова (Тоҷикистон).

 

Даври 3-юм

Ветнам – Тоҷикистон – 7:0

 

Мавқеи дастаҳои мунтахаб дар ҷадвали ҷамъбастии гурӯҳи «В»

 

ДАСТАҲОИ МУНТАХАБ Б Ғ М Б Т/Т И
1 Ветнам 2 2 0 0 23-0 6
2 Тоҷикистон 2 1 0 1 4-7 3
3 Молдив 2 0 0 2 0-20 0

 

Гурӯҳи «С»

Даври 1-ум

Сингапур – Индонезия – 0:1

 

Даври 2-юм

Индонезия – Сингапур – 1:0

 

Мавқеи дастаҳои мунтахаб дар ҷадвали ҷамъбастии гурӯҳи «С»

ДАСТАҲОИ МУНТАХАБ Б Ғ М Б Т/Т И
1 Индонезия 2 2 0 0 2-0 6
2 Сингапур 2 0 0 2 0-2 0

Назари худро бинависед