Дастаи «Душанбе-1» ғолиби лигаи ҷавонони Тоҷикистон «Умед» (U-18) шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Дастаи «Душанбе-1» ғолиби лигаи ҷавонони Тоҷикистон «Умед» (U-18) шуд

Лигаи футболи кӯдакону наврасони Тоҷикистон бо баргузории қисми ниҳоии мусобиқаи лигаи ҷавонони Тоҷикистон «Умед» байни футболбозони то 18-сола мавсимро ҷамъбаст кард. Дастаи «Душанбе-1» ғолиби лигаи мазкур гардид. Дастаро ба ин муваффақият мураббӣ Раҷаб Расулов расонд.

Ҳашт даста аз минтақаҳои кишвар, ки ба ду гурӯҳ тақсим шуда буданд, барои дарёфти ҷойҳои ифтихорӣ дар лигаи ҷавонони Тоҷикистон «Умед» (U-18) мубориза бурданд. Дар марҳилаи гурӯҳӣ бозиҳо дар як давр баргузор шуданд. Сипас чаҳор даста ба плей-офф роҳ ёфта, ҷуфтҳои даври ниманиҳоиро ташкил карданд. Ғолибони даври 1/2 ниҳоӣ дар бозии ниҳоӣ ва мағлубшудагон дар рақобат барои ҷойи севум муборизаро идома доданд.

Медалҳои биринҷии лигаи ҷавонони Тоҷикистон «Умед» (U-18) насиби тими «Суғд-1» гардиданд, ки дар бозӣ барои ҷойи сеюм бар ҷавонони «Душанбе-2» бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуд.

Дар вохӯрии ҳалкунандаи мусобиқа дастаҳои «Душанбе-1» ва НТМ ба ҳам омаданд. Футболбозони НТМ бо ҳисоби 2:0 пешсаф буданд, вале бартариро нигоҳ дошта натавонистанд. Вақти асосии бозӣ мусовӣ – 3:3 анҷом ёфт. Дар зарбаҳои пеналти бахт ба рӯйи дастаи шаҳри Душанбе хандид – 4:3.

Дар маросими ҷамъбастии мусобиқот директори техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон Салоҳиддин Ғафуров, директори Лигаи футболи кӯдакону наврасони Тоҷикистон Увайдо Давлатбеков, директори МҶМОВ оид ба футбол Пӯлод Қодиров, собиқ ҳимоятгари тими миллии Тоҷикистон ва дастаи «Регар-ТадАЗ» Маъруф Рустамов ва дигар меҳмонон иштирок доштанд.

Баркамол Ҳайитов («Суғд-1»), Акрамҷони Абдусалом («Душанбе-2»), Сиёвуш Сафаров (НТМ), Шаҳриёр Сониев («Душанбе-1») дар дастаҳои худ беҳтарин бозигарони лига эътироф шуданд. Фаррух Маҳмадов («Душанбе-2») беҳтарин нишонзан ва Муртазо Исоев (НТМ) беҳтарин бозигари мусобиқа эълон гардиданд.

Назари худро бинависед