Пеш аз шурӯъи бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби наврасони то 15 солаи Тоҷикистону Узбекистон бозигарони дастаҳо бо дақиқаи хомӯшӣ ёди дастаи “Пахтакор-1979”-ро гиромӣ доштанд. Имрӯз, 11-уми август, аз суқути ҳавопаймое, ки дар он аъзои дастаи маъруфи “Пахтакор-79”-и Тошканд ба ҳалокат расиданд, 42 сол сипарӣ гашт.
11 августи соли 1979 дар натиҷаи суқути ҳавопаймо дар болои Днепродзержинск 14 бозигари дастаи “Пахтакор” ба ҳалокат расид. Ин даста аз Тошканд ба Минск ба бозии чемпионати ИҶШС бо «Динамо» -и маҳаллӣ мерафт. Ҳавопаймо бо бозигаронаш ба ТУ-134, ки ба Кишинёв парвоз мекард, бархӯрд. Дар маҷмӯъ, 178 нафар қурбонии фоҷиа шуданд.