Дар Суперҷоми Тоҷикистон-2023 байни дастаҳои «Истиқлол» – «Равшан» туҳфаҳои арзишманд ба бозӣ гузошта мешаванд – Федерация Футбола Таджикистана

Дар Суперҷоми Тоҷикистон-2023 байни дастаҳои «Истиқлол» – «Равшан» туҳфаҳои арзишманд ба бозӣ гузошта мешаванд

Рақобати 1XBet-Суперҷоми Тоҷикистон-2023 миёни «Истиқлол»-и Душанбе ва «Равшан»-и Кӯлоб рӯзи 6-уми май дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор соати 18:00 баргузор мегардад.

Бо ибтикори роҳбарияти бошгоҳи «Истиқлол» бо мақсади ҷалби мухлисон ба тамошои зиндаи бозиҳо ва ҳавасмандгардонии мухлисони футболи меҳан пас аз анҷоми дидор барои ба даст овардани Суперҷоми Тоҷикистон-2023 бозии бурднок миёни мухлисон гузаронда мешавад.

Тӯҳфаҳо: 2-то Iphone 14, 2 планшет, як телевизо, се тӯби Molten (тӯби бозиҳои Лигаи олӣ).

Чиптаҳоро метавонед аз хазинаҳои Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ ва Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор дастрас намоед. Арзиши чипта – 10 сомонӣ. 

Ба футбол омада ҳам аз бозии сатҳи баланд ҳаловат баред, ҳам соҳиби яке аз тӯҳфаҳои гаронарзиш шавед!

 

🏆 1XBet-Суперҷоми Тоҷикистон-2023

📅 6 май (шанбе)

️ Оғоз – соати 18:00

🔴 «Истиқлол» (Душанбе) – 🔵 «Равшан» (Кӯлоб)

🏟 Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

Назари худро бинависед