Дар Шаҳристон фестивал ва мусобиқаи футбол дар доираи лоиҳаи «Fifa Women’s Football Campaign» ташкил гардид – Федерация Футбола Таджикистана

Дар Шаҳристон фестивал ва мусобиқаи футбол дар доираи лоиҳаи «Fifa Women’s Football Campaign» ташкил гардид

Дар доираи барномаи рушди футболи занона «FIFA Women’s Football Campaign», ки ба оммавигардонии футболи занона дар Тоҷикистон равона шудааст, дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Шаҳристон фестивал ва мусобиқаи футбол баргузор гардид.

Ҳадафи лоиҳаи «FIFA Women’s Football Campaign» тағйир додани муносибат ба футболи занона дар кишвар, ҷалби духтарон ба футбол ва ҳавасманд намудани онҳо барои идомаи машғул шудан ба ин намуди варзиш мебошад. Ҳамчунин барномаи мазкур ба фароҳам овардани имкониятҳои баробар барои кӯдакон нигаронида шудааст.

Фестивал ва мусобиқа дар Шаҳристон 200 нафар духтарони аз 6 то 12-соларо ҷамъ овард. Барои иштирокчиён эстафетаҳои футболӣ, машқҳои шавқовар ва озмунҳои гуногун ташкил карда шуданд, ки ба кӯдакон эҳсосоти хуш ва хотираҳои фаромӯшнашаванда бахшиданд.

Пас аз анҷоми ҷашнвора ба ҳамаи иштирокчиён медал, тӯб ва футболкаҳо тақдим карда шуданд.

Назари худро бинависед