Дар мавсими нави мусобиқоти лигаи футболи бонувони Тоҷикистон 60 даста ширкат мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Дар мавсими нави мусобиқоти лигаи футболи бонувони Тоҷикистон 60 даста ширкат мекунад

Дар остонаи оғози мавсими нави Лигаи футболи бонувони Тоҷикистон бо иштироки намояндагони дастаҳо ҷаласаи умумӣ баргузор гардид. Имсол дар мусобиқаҳои футболи занона дар маҷмуъ 60 даста иштирок мекунад.

Дар мавсими соли 2023 Лигаи футболи бонувони Тоҷикистон миёни чаҳор синну сол мусобиқот баргузор менамояд.

Дар шашумин чемпионати Тоҷикистон миёни бонувон 13 даста – ММВЗО «Зебонисо» (Душанбе), «Зебо» (Дӯстӣ), Мактаби махсуси футболи Конибодом, «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ), «Ҷавонӣ» (Ҷаббор Расулов), Муассисаи давлатии Мактаби варзишии шаҳри Кӯлоб, «Суғд» (Суғд), «Бешкент» (Носири Хусрав), «Навбаҳор» (Мастчоҳ), «Ситора» (Шаҳринав), «Бунҷикат» (Шаҳристон), «Ҳосилот» (Фархор) ва «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) ширкат меварзад.

Дар чемпионати Тоҷикистон байни духтарони то 17-сола 10 даста  – ММВЗО «Зебонисо» (Душанбе), «Ҷавонӣ» (Ҷаббор Расулов), «Ситора» (Шаҳринав), «Бунҷикат» (Шаҳристон), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), «Навбаҳор» (Мастчоҳ), «Зебо» (Дӯстӣ), Мактаби махсуси футболи Конибодом, «Бешкент» (Носири Хусрав) ва «Панҷер» (Ҷалолиддини Балхӣ) ҳунарнамоӣ менамояд.

Дар чемпионати кишвар миёни духтарони то 15-сола 17 даста – «Ситора» (Шаҳринав), «Зебо» (Дӯстӣ), «Бунҷикат» (Шаҳристон), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ), «Хуҷанд» (Хуҷанд), «Ҳосилот» (Фархор), «Чашма» (Шаҳритус), «Ҷавонӣ» (Ҷаббор Расулов), «Зарнисор» (Вахш), «Пахтакор» (Қубодиён), Мактаби махсуси футбол, чавгон ва аспии вилояти Суғд  (Хуҷанд), «Парасту» (Душанбе), «Бешкент» (Носири Хусрав), Мактаби махсуси футболи Конибодом, «Навбаҳор» (Мастчоҳ) ва «Ашт» (Ашт) рақобат менамояд.

Ва ниҳоят, дар чемпионати Тоҷикистон миёни духтарони то 13-сола 20 даста ҳунарнамоӣ мекунад.  Дастаҳои «Спартак» (Душанбе), «Парасту» (Душанбе), ММВЗО  «Зебонисо» (Душанбе), «Ситора» (Шаҳринав), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), «Ҳосилот» (Фархор), «Пахтакор» (Қубодиён), «Чашма» (Шаҳритус), «Бешкент», (Носири Хусрав), «Зебо» (Дӯстӣ), «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ), «Зарнисор» (Вахш), «Ҷавонӣ» (Ҷаббор Расулов), «Навбаҳор» (Мастчоҳ), Мактаби махсуси футболи Конибодом, «Бунҷикат» » (Ҷаббор Расулов), «Бобоҷон Ғафуров» (Бобоҷон Ғафуров), «Зафаробод» (Зафаробод), Мактаби махсуси футбол, чавгон ва аспии вилояти Суғд  (Хуҷанд) ва «Ашт» (Ашт) барои ба даст овардани мақомҳои ифтихорӣ мубориза мебаранд.

Федератсияи футболи Тоҷикистон ба дастаҳои лигаи футболи бонувон ва чемпионати Тоҷикистон миёни бозигарони то 17-сола либоси варзишӣ ва тӯб тақдим кард. Тибқи барномаи «FIFA League Development» барои иштирокчиёни чемпионати кишвар миёни духтарони то 13-сола сару либоси варзишӣ, пойафзол ва тӯб тақдим карда шуданд.

Намояндагии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон (ЮНИСЕФ) ба дастаҳои чемпионати Тоҷикистон байни духтарони то 15-сола маҷмуи либосҳои варзишӣ тақдим карда, Лигаи футболи занонаи Тоҷикистон барои онҳо тӯб туҳфа намуд.

Назари худро бинависед