12-уми сентябр дар меҳмонхонаи «Таҷ Палас»-и Душанбе марҳилаи аввали курсҳои мураббигӣ оид ба барномаи муҷаввизи «А» оғоз гардид.
Дастурдиҳандаи ин курсҳо инструктори КФО Ниҳод Сукар аз Урдун ва ёвари ӯ дастурдиҳандаи КФО, сармураббии дастаи «Равшан»-и Кӯлоб Боир Игамбердиев мебошанд.
Дар маросими ифтитоҳи курсҳои мураббигӣ ноиби президенти ФФТ Алишер Урунов ва директори техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон Салоҳиддин Ғафуров иштирок намуда, ба ҳамаи ширкаткунандагон фаъолияти пурсамар таманно намуданд.
Барои дарёфти муҷаввизи мураббигии «А» Ҷомихон Муҳиддинов, Шамсидин Қосимов, Чарлз Наркотей, Алишер Полвонов, Асрорҷон Шораҷабов, Увайдо Давлатбеков, Рустам Абдуллоев, Суҳроб Ашуров, Умед Исрофилов, Шуҳрат Умаров, Муродҷон Саломов, Музаффар Дурвешов, Ҷамшед Баротов, Толиб Темуров, Шуҳрат Раҳмонов, Абдулло Умарбоев ва Фаррух Ниёзов довталаб ба ҳисоб мераванд.