Дар Душанбе марҳилаи якуми курсҳои мураббигӣ барои довталабони иҷозатномаи «С» оғоз гардид – Федерация Футбола Таджикистана

Дар Душанбе марҳилаи якуми курсҳои мураббигӣ барои довталабони иҷозатномаи «С» оғоз гардид

Дар шаҳри Душанбе дар доираи барномаи конвенсияи мураббиёни Конфедератсияи футболи Осиё курҳои омӯзишии мураббигӣ барои дарёфти сертификати «С» оғоз гардиданд. 

Инструктори курс дастурдиҳандаи Конфедератсияи футболи Осиё Боир Игамбердиев ва ёварони ӯ инструкторони Федератсияи футболи Тоҷикистон Субҳон Хоҷамов ва Алифбек Беромов мебошанд.

Тибқи барнома курсҳо аз ду марҳила иборатанд. Марҳилаи якум аз 22 то 28 феврал идома меёбад. Сипас довталабони иҷозатномаи «С» дар дастаҳо таҷрибаомӯзӣ мегузаранд. Марҳилаи дуюми курсҳо аз 11 то 17 март баргузор мешавад. 

Содатшо Бодуров, Абдухалил Боронов, Комрони Мирзохон, Шерзод Набиев, Тоҳир Саримсоков, Екатерина Исаева, Беҳзод Шодиев, Фирӯз Қаҳҳоров, Ҷаҳонгир Мирзоев, Фурқат Ашӯров, Дилшод Давлатов, Муҳаммадрофеъ Азимов, Улуғбек  Орипов, Муҳаммад Махатов, Бахтовар Изатов, Файзиддин Ҳусенов ва Комрон Хусейнов барои сертификати  дараҷаи «С» довталаб ба ҳисоб мераванд. 

Барномаи курсҳои мураббигӣ дарсҳои назариявӣ ва амалиро дар бар мегирад. Дар охир довталабон имтиҳон месупоранд.

Назари худро бинависед