Дар Душанбе Конгресси навбатии Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Дар Душанбе Конгресси навбатии Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор шуд

Имрӯз, 17 декабр дар меҳмонхонаи «Ҳаятт Риҷенси»-и шаҳри Душанбе Конгресси навбатии Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид.

 

Рӯзномаи Конгресс аз чунин масъалаҳо иборат буд:

1. Суханронии ноиби аввали президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон.

2. Интихоби мақомоти кории Конгресс – комиссияи ҳисоби овозҳо ва тафтиши протокол.

3. Ҳисобот оид ба фаъолияти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар соли 2021.

4. Ҳисобот оид ба фаъолияти молиявии Федератсияи футболи Тоҷикистон дар соли 2021.

5. Ҳисоботи аудитори мустақил оид ба ҳисоботи молиявии Федератсияи футболи Тоҷикистон дар соли 2021.

6. Интихоби аъзоёни нави Кумитаи иҷроияи Федаратсияи футболи Тоҷикистон.

 

Дар суханронии ифтитоҳии худ ноиби аввали президенти ФФТ Хуршед Мирзо аз комёбиҳои охири футболи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ қайд кард.

«Муҳимтарин рӯйдоди фараҳбахш барои мухлисони футболи Тоҷикистон дар ин сол – барои аввалин бор дар таърихи фаъолияти худ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ ёфтани тими миллии Тоҷикистон мебошад.

Бо истифода аз фурсати муносиб, ситоди мураббиён, бозигарон, ҳайати хизматрасон ва тамоми ҳаводорони футболи ватаниро ба ин комёбии бузург табрик менамоям», – гуфт зимни суханронии худ ноиби аввали президенти ФФТ.

«Имсол дастаҳои мунтахаби ҷавонону наврасони Тоҷикистон тавонистанд, ки вазифаҳои дар назди онҳо гузошташуда – роҳхат ба Ҷоми Осиё-2023-ро иҷро кунанд. Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 бомуваффақият баромад карда, аз рӯйи натиҷагирии чемпионат ба қатори панҷ дастаи беҳтарини Осиё шомил шуд», – афзуд Хуршед Мирзо.

Ноиби аввали президенти ФФТ Хуршед Мирзо дар суханронии худ таъкид кард, ки ин дастовардҳо бо осонӣ ба даст наомадаанд.

«Дар муваффақияти умумӣ ҳар нафаре, ки бо футболи тоҷик алоқаманд аст, саҳм гузоштааст ва ман мехоҳам ба ҳар яки онҳо изҳори сипос намоям. Бо оғози соли нав мавсими нави футбол ва марҳилаи нави рушди футболи мо оғоз мешавад. Соли оянда моро дар арсаи байналмилалӣ мусобиқаҳо ва баромадҳои нав интизоранд. Дар баробари дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон се бошгоҳи футболи Тоҷикистон – «Истиқлол», «Равшан»-и Кӯлоб ва «Хуҷанд»-и Хуҷанд дар мусобиқоти бошгоҳҳои Осиё – Лигаи қаҳрамонҳо ва Ҷоми КФО ширкат мекунанд. Ба онҳо бурдборӣ орзумандам!

Дар баробари комёбиҳо дар футболи мо камбудиҳо низ ҳастанд, ки онҳоро танҳо дар якҷоягӣ бартараф карда метавонем. Вазифаи мо бетағйир боқӣ мемонад – иҷрои нақшаи стратегии рушди футбол дар Тоҷикистон «Орзу-2026», яъне роҳ ёфтани тими миллии Тоҷикистон ба Ҷоми ҷаҳон-2026.

Бо истифода аз фурсат ба сарпарастон, шарикон ва ҳамаи он ташкилоту муассисаҳое, ки дар тӯли сол бо мо ҳамкорӣ намуда, дар рушди футболи ватанӣ саҳм гузоштанд, изҳори сипос мекунам. Итминон дорам, ки ҳамкориҳои дуҷонибаи мутақобилан судманди мо дар оянда низ идома хоҳанд ёфт», – гуфт Хуршед Мирзо.

Ҳангоми баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи Конгресс раиси Кумитаи молияи Федератсияи футболи Тоҷикистон Фарҳод Расулзода оид ба фаъолияти молиявии ФФТ барои соли 2021 ҳисобот дод.

Сипас вакилони Конгресс гузориши аудитори мустақилро дар бораи фаъолияти молиявии ФФТ дар соли 2021 тасдиқ карданд.

Ғайр аз ин, дар Конгресс интихоботи ҳайати нави Кумитаи ичроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон сурат гирифт. Муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон Лутфия Абдулхолиқзода ва раиси Федератсияи футболи Душанбе Фарҳод Мирзоев аъзои нави Кумитаи иҷроияи ФФТ интихоб шуданд.

Назари худро бинависед