Дар даври ниманиҳоии Ҷоми ФФТ-2023 КМВА – «Панҷшер» ва «Регар-ТадАЗ» – «Равшан» бо ҳам бозӣ мекунанд – Федерация Футбола Таджикистана

Дар даври ниманиҳоии Ҷоми ФФТ-2023 КМВА – «Панҷшер» ва «Регар-ТадАЗ» – «Равшан» бо ҳам бозӣ мекунанд

Дар шаҳри Ҳисор марҳилаи гурӯҳии қисми ниҳоии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2023 ба охир расид ва дар паи он иштирокчиёни даври ниманиҳоӣ муайян шуданд.

Дар даври 1/2 ниҳоии мусобиқот рӯзи 22 феврал КМВА – «Панҷшер» ва «Регар-ТадАЗ» – «Равшан» бозӣ мекунанд.

Бояд гуфт, ки фонди ҷоизавии Ҷоми Федератсия-2023 100 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ғолиби мусобиқа бо 50 000 сомонӣ, барандаи медали нуқра бо 30 ҳазор сомонӣ ва соҳибони медалҳои биринҷӣ бо 20 ҳазор сомонӣ мукофотонида мешаванд.

 

Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2023

Қисми ниҳоӣ

Гурӯҳи «А». Даври 3

«Истаравшан» – «Ҳосилот» – 0:4

Голҳо: Далер Чолов, 13 (0:1). Абдураҳмон Нозимов, 26 (0:2). Амирҷон Худойдодов, 33 (0:3). Амирҷон Худойдодов, 72 (0:4).

Аз майдон берун карда шуд: Шоҳрух Шамсиев («Истаравшан»), 30 – барои таҳқири довари марказӣ.

Беҳтарин бозигари бозӣ: Амирҷон Худойдодов («Ҳосилот»).

 

«Равшан» – КМВА – 1:0

Гол: Муҳаммадшарифи Саидхоҷа, 21.

Беҳтарин бозигари бозӣ: Евгений Гритсенко («Равшан»).

 

Гурӯҳи «Б». Даври 3

«Регар-ТадАЗ» – «Душанбе» – 7:0

Голҳо: Ҳикматулло Расулов, 8 (1:0). Фирӯз Бобиев, 15 (2:0). Фирӯз Бобиев, 25 (3:0). Акбарҷон Шарифов, 41 (4:0). Акбарҷон Шарифов, 62 (5:0). Гурез Аслонов, 67 (6:0). Нуриддин Ҳамроқулов, 89 (7:0).

Беҳтарин бозигари бозӣ: Фирӯз Бобиев («Регар-ТадАЗ»).

 

«Панҷшер» – «Парвоз» – 6:1

Голҳо: Муҳаммад Ризомов, 16 (1:0). Иззатулло Файзуллоев, 23 (2:0). Бахтовар Назриев, 38 (2:1). Муҳаммад Ризомов, 58 (3:1). Хайриддин Тӯрахонов, 59 (4:1). Хайриддин Тӯрахонов, 75 (5:1). Муҳаммад Ризомов, 86 (6:1).

Беҳтарин бозигари бозӣ: Муҳаммад Ризомов («Панҷшер»).

 

Даври 1/2 ниҳоӣ

22 феврал (чоршанбе)

11:00 – КМВА «Панҷшер»

14:30 – «Регар-ТадАЗ» – «Равшан»

 

25 феврал (шанбе)

11:00 – Бозӣ барои ҷойи сеюм

15:00 – Финал

Назари худро бинависед