Дар 1XBet-чемпионати Тоҷикистон-2023 44 легионер аз 13 кишвар ширкат мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Дар 1XBet-чемпионати Тоҷикистон-2023 44 легионер аз 13 кишвар ширкат мекунад

Пагоҳ, 1 апрел 32-юмин чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ шуруъ мешавад.

Аз ҷониби бошгоҳҳои лигаи олӣ 44 бозигари хориҷӣ, ки 13 кишвар ва се қитъаи гуногунро намояндагӣ мекунанд, барои ширкат дар 1XBet-чемпионати Тоҷикистон номнавис шудаанд. 26 нафари онҳо аз Африқо мебошанд. Осиёро 13 бозигар аз чаҳор давлат намояндагӣ мекунад.  Имсол дар чемпионати Тоҷикистон 5 бозигар аз кишварҳои аврупоӣ мебошад.

Аксари легионерҳо аз Гана намояндагӣ мекунанд – дар мавсими нав шарафи бошгоҳҳои лигаи олиро 14 намояндаи ин кишвар ҳимоя хоҳад кард. Баъдан дар ҷойи дуюм Камерун (8 легионер) қарор дорад. Ӯзбекистон дар сегонаи беҳтариинҳо (7 легионер) шомил шуд.

Қобили зикр аст, ки тибқи низомномаи мавсими қаҳрамонии Тоҷикистон-2023 бошгоҳҳои лигаи олӣ метавонанд то ҳафт бозигари хориҷиро ба дархост шомил кунанд, аммо ҳамзамон танҳо панҷ легионер ба майдон баромада метавонад.

Назари худро бинависед