Coca-Cola-чемпионати Тоҷикистон-2021: ҷоизадори медалҳои “биринҷӣ” ва дастаи дуюми бебаброр дар даври охирин маълум хоҳанд шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Coca-Cola-чемпионати Тоҷикистон-2021: ҷоизадори медалҳои “биринҷӣ” ва дастаи дуюми бебаброр дар даври охирин маълум хоҳанд шуд

Бозии дар даври мавқуфгузоштаи нуҳуми Coca-Cola-чемпионати Тоҷикистон-2021 байни дастаҳои «Хуҷанд» ва «Истиқлол» мусовии бе гол анҷом ёфт. Бозӣ дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд баргузор гашт.

Пеш аз даври ҷамъбастии Coca-Cola-чемпионати Тоҷикистон-2021 байни дастаҳои лигаи олӣ ҳанӯз номаълум аст, ки мақоми сеюм ва медалҳои “биринҷӣ”-и мусобиқаро кадом даста соҳиб мешавад. Барои ба даст овардани мақоми сеюм ва ҳаққи иштирок дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2022 дастаҳои «Истаравшан»-и Истаравшан ва КМВА-и Душанбе имконият доранд.  Инчунин, як дастаи дигаре, ки ҳамроҳ бо “Душанбе” лигаи олиро тарк менамояд, номаълум аст. Хавфи аз лигаи олӣ берун тшудан ба дастаҳои «Равшан», «Эсхата», «Файзканд» ва «Кӯктош» таҳдид менамояд ва яке аз ин чаҳор даста баъди даври охирин лигаи олиро тарк карда, ба лигаи якум мегузарад.

Бозиҳои даври охирини сиюмин қаҳрамонии ҷашнии Тоҷикистон рӯзи якшанбеи 5-уми декабр баргузор хоҳад шуд.

 

Coca-Cola-чемпионати Тоҷикистон-2021

Лигаи олӣ. Бозии мавқуфгузоштаи даври нуҳум

«Хуҷанд» – «Истиқлол» – 0:0

Огоҳонида шудандРустам Соиров, Андрей Мищенко («Истиқлол»).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣРёта Нома («Истиқлол»).

30 ноябр. Хуҷанд. Варзишгоҳи «20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон». 1700 тамошобин.

 

    Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Истиқлол» (Душанбе) 26 20 5 1 76-8 65
2 «Хуҷанд» (Хуҷанд)                  26 17 4 5 52-25 55
3 КМВА (Душанбе) 26 11 8 7 36-29 41
4 «Истаравшан» (Истаравшан) 26 11 6 9 28-25 39
5 «Хатлон» (Бохтар) 26 10 6 10 29-31 36
6 «Равшан» (Кӯлоб) 26 7 8 11 27-34 29
7 «Эсхата» (Хуҷанд) 26 8 3 15 32-49 27
8 «Файзканд» (Восеъ) 26 7 5 14 18-36 26
9 «Кӯктош» (Рӯдакӣ) 26 7 5 14 37-56 26
10 «Душанбе» (Душанбе) 26 4 6 16 23-65 18

 

Нишонзанҳо: Манучехр Ҷалилов («Истиқлол») – 17 гол, Рустам Соиров («Истиқлол») – 15 гол, Илҳомҷон Баротов («Истаравшан») – 13 гол, Дилшод Бозоров («Хуҷанд») – 12 голАлишер Ҷалилов («Истиқлол»), Артём Сердюк («Хуҷанд») – 11 голӣ.

 

Дар даври 27-ум вомехӯранд:

5 декабр (якшанбе)

Оғози бозиҳо – соати 14:00

«Эсхата» – «Равшан»

КМВА – «Хуҷанд»

«Душанбе» – «Истаравшан»

«Файзканд» – «Хатлон»

«Кӯктош» – «Истиқлол»

Назари худро бинависед