Coca-Cola-чемпионати Тоҷикистон-2021: натиҳаҳои даври понздаҳум – Федерация Футбола Таджикистана

Coca-Cola-чемпионати Тоҷикистон-2021: натиҳаҳои даври понздаҳум

Бозиҳои даври понздаҳуми Coca-Cola-чемпионати Тоҷикистон-2021 байни дастаҳои лигаи олӣ ҷамъбаст шуданд.

Чемпиони феълии кишвар “Истиқлол”-и Душанбе дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе “Хатлон”-и Бохтарро қабул карда, бо ҳисоби бузурги 6 бар 0 шикаст дод. “Хуҷанд”-и Хуҷанд бошад,  бозиро дар майдони худ бо “Равшан”-и Кӯлоб мусовии бе гол анҷом дод.

“Истаравшан”-и Истаравшан” ғалабаи дуюми пайдарҳами худро баъди шурӯъи дубораи мусобиқа ба даст овард.  Дар ин давр дастаи Маҳмадҷон Ҳабибуллоев “Файзканд”-и Восеъро бо ҳисоби 2 бар 1 мағлуб сохт.

Дар бозӣ байни дастаҳои «Душанбе» ва КМВА бошад ғолиб маълум нашуд. Ин бозӣ низ ба мисли бозии байни дастаҳои “Хуҷанд” ва “Равшан” мусовии бе гол хотима ёфт. “Эсхата”-и Хуҷанд дар ин давр дар майдони худ бар “Кӯктош” бо ҳисоби 3 бар 1 пирӯз гашт.

 

Coca-Cola-чемпионати Тоҷикистон-2021

Лигаи олӣ. Даври 15-ум

«Хуҷанд» – «Равшан» – 0:0

Огоҳонида шуданд: Нозим Бобоҷонов, Абдулмумин Забиров («Хуҷанд»), Далер Шомуродов, Шодиҷон Муродов, Сафаралӣ Каримов, Сайдамири Сайдаҳмад, Муҳриддин Ахмедов, Ширинҷон Наимов («Равшан»).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Далер Ёдгоров («Хуҷанд»).

14 август. Хуҷанд. Варзишгоҳи «20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон». 2500 тамошобин.

 

«Файзканд» – «Истаравшан» – 1:2

Голҳо: Илҳом Баротов, 2 (0:1). Абдухалил Боронов, 45+2 (1:1). Ҷаҳонгир Сафаров, 48 (1:2).

Огоҳонида шуданд: Ҷасур Қурбонов («Файзканд»), Ҳусейн Нурматов, Ҷаҳонгир Сафаров, Илҳом Баротов («Истаравшан»).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Ҷаҳонгир Сафаров («Истаравшан»).

14 август. Кӯлоб. Варзишгоҳи марказӣ. 500 тамошобин.

 

«Эсхата» – «Кӯктош» – 3:1

Голҳо: Азизбек Султонов, 7 – аз пеналти (0:1). Ҷаҳонгир Эргашев, 48 (1:1). Мубинҷон Муминов, 64 (2:1). Аҳрор Иноятов, 90 (3:1).

Огоҳонида шуданд: Абдураҳмон Узоков, Рустам Сабуров, Боҳирҷон Сангинбоев («Эсхата»), Билол Сулаймонов, Холмурод Назаров, Асадбек Исломов («Кӯктош»).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Ҷаҳонгир Эргашев («Эсхата»).

15 август. Хуҷанд. Варзишгоҳи «Спартак». 1000 тамошобин.

 

«Душанбе» – ЦСКА – 0:0

Огоҳонида шуданд: Маҳмуд Пиров, Фаромурз Саидов, Шавкати Ҳотам («Душанбе»), Комрон Ибрагимов (КМВА).

15 август. Душанбе. Варзишгоҳи марказӣ. 600 тамошобин.

 

«Хатлон» – «Истиқлол» – 0:6

Голҳо: Аҳтам Назаров, 13 (0:1). Манучеҳр Ҷалилов, 28 (0:2). Ваҳдат Ханонов, 43 (0:3). Шервони Мабатшоев, 75 (0:4). Рустам Соиров, 82 (0:5). Рустам Соиров, 88 (0:6).

Огоҳонида шуд: Аҳтам Назаров («Истиқлол»).

15 август. Душанбе. Варзишгоҳи марказӣ. 200 тамошобин.

 

    Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Хуҷанд» (Хуҷанд)                  14 9 2 3 29-14 29
2 «Истиқлол» (Душанбе) 12 8 3 1 32-6 27
3 «Истаравшан» (Истаравшан) 15 7 4 4 18-13 25
4 «Эсхата» (Хуҷанд) 15 7 2 6 25-28 23
5 «Равшан» (Кӯлоб) 14 4 6 4 16-16 18
6 «Хатлон» (Бохтар) 15 4 5 6 15-22 17
7 КМВА (Душанбе) 15 3 6 6 16-21 15
8 «Душанбе» (Душанбе) 15 3 6 6 18-29 15
9 «Файзканд» (Восеъ) 14 3 4 7 11-19 13
10 «Кӯктош» (Рӯдакӣ) 15 3 4 8 19-31 13

 

Нишонзанҳо: Рустам Соиров («Истиқлол») – 9 гол, Илҳом Баротов («Истаравшан»), Акобир Тӯраев («Эсхата»), Артём Сердюк («Хуҷанд») – 8 голӣ, Дилшод Бозоров («Хуҷанд»), Абдухалил Боронов («Файзканд») – 7 голӣ.

 

Бозии мавқуфгузоштаи даври 5-ум

18 август (чоршанбе)

Оғози бозӣ – соати 19:00

«Файзканд» – «Истиқлол»

 

16-й тур

20 августа (пятница)

Оғози бозӣ – соати 17:00

КМВА – «Хуҷанд»

«Хатлон» – «Душанбе»

 

21 август (шанбе)

Оғози бозӣ – соати 17:00

«Кӯктош» – «Файзканд»

«Равшан» – «Эсхата»

Оғози бозӣ – соати 20:00

«Истиқлол» – «Истаравшан»

Назари худро бинависед