Чемпионати Тоҷикистон-2020: баъди пирӯзӣ бар «Регар-ТадАЗ» КМВА ба ҷои чорум баромад – Федерация Футбола Таджикистана

Чемпионати Тоҷикистон-2020: баъди пирӯзӣ бар «Регар-ТадАЗ» КМВА ба ҷои чорум баромад

Рӯзи якшанбеи 5 июл ду бозии боқимондаи даври ҳаштуми чемпионати Тоҷикистон байн дастаҳои лигари олӣ баргузор гашт.

КМВА дар майдони худ бо ҳисоби 3 бар 1 “металлургчиёни” Турсунзодаро шикаст дод. Ду голи “мудофиачиёнро” Шервони Мабатшоев ва як голи дигарро Дилшод Восиев ба нишон заданд. Баъди ин ғалаба дастаи КМВА ба мақоми чоруми ҷадвали мусобиқа баромад.

Дар бозии дигари ин давр, дар муборизаи шадиду шавқовар  “Хатлон” бар “Кӯктош” бо ҳисоби 2 бар 1 дастболо шуд.  Голҳои соҳибони майдонро Худойдод Узоков ва Сунатулло Исмоилов ба ҳадаф расонданд.

Ба ин тартиб, даври ҳаштуми чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ анҷом ёфт. Баъди ҳашт даври мусобиқа “Истиқлол” бо 22 имтиёз дар садри ҷадвали мусобиқа қарор дорад. “Хатлон” бо 17 имтиёз ҷои дуюм ва “Хуҷанд” бо 16 имтиёз ҷои сеюмро ишғол мекунад.

Бозиҳои дари ҷамъбастии қисми якуми чемпионати Тоҷикистон дар лигаи олӣ рӯзҳои 11 ва 12 июл баргузор мешаванд. Рӯзи шанбеи 11 июл се вохӯрӣ багузор мегардад ва дар онҳо «Кӯктош» – «Файзканд», «Регар-ТадАЗ» – «Хатлон» ва «Истаравшан» – КМВА бо ҳам рақобат мекунанд. Рӯзи якшанбеи 2 июл бошад «Худжанд» – «Душанбе-83» ва «Истиқлол» – «Локомотив-Помир» вомехӯранд.

 

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 8-ум

КМВА – «Регар-ТадАЗ» – 3:1

Голҳо: Дилшод Восиев, 27 (1:0). Шервони Мабатшоев, 45+1 (2:0). Нозим Бобоҷонов, 79 (2:1). Шервони Мабатшоев, 90 (3:1).

Пеналтии амалинашудаШервони Мабатшоев (КМВА), 45+1 – дарвозабон.

КМВА (Душанбе): Иван Пономаренко, Билол Сулаймонов, Комрони Мирзохон, Дмитрий Бондар, Бахтиёр Қаландаров, Нодирбек Ибрагимов (Шамсиддин Қосимов, 60), Фирӯз Бобиев, Сӯҳроб Ҷалилов (Исломҷон Усмонов, 90+3), Артем Гайдаш, Шервони Мабатшоев, Шодибек Ғаффоров (Дилшод Восиев, 25).

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода): Далер Азизов, Доробҷон Эргашев, Ёқубҷон Ахмедов, Акбар Бобомуродов, Парвиз Бахтиёрзода (Азизбек Далиев, 87), Расул Пайзов (Ҷамолиддин Зардиев, 90), Акбари Шелдари Ораш, Шерзод Маҳамадиев (Оятулло Сафаров, 46), Ҳоҷиакбар Узоқов, Нозим Бобоҷон, Диловаршо Ғаниев (Азизбек Ҳаитов, 85).

Огоҳонида шудандАртем Гайдаш (КМВА), Парвиз Бахтиёрзода, Расул Пайзов, Акбар Бобомуродов («Регар-ТадАЗ»).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣШервони Мабатшоев (КМВА).

СардоварНасрулло Кабиров (Норак).

Нозири доваронЮсуф Ишматов (Бохтар).

Комиссари бозӣҶовидон Ҳасанов (Душанбе).

5 июл. Душанбе. Варзишгоҳи КМВА ВМ ҶТ.

 

«Хатлон» – «Кӯктош» – 2:1

ГолҳоХудойдод Узоков, 25 (1:0). Сунатулло Исмоилов, 86 (2:0). Азизбек Султонов, 89 (2:1).

«Хатлон» (Бохтар): Куайе Годсон, Ҳсейн Нурматов, Наимҷон Иброҳимзода, Равшан Азизов, Фирдавс Алиназаров, Сорбон Авғонов, Умарҷон Шарипов, Эҳсон Бобоев (Муҳаммад Насков, 60), Худойдод Узоқов (Комрон Исмоилов, 79), Кароматулло Саидов (Сунатулло Исмоилов, 73), Парвиз Боқиохунов.

«Кӯктош» (Рӯдакӣ): Қурбоналӣ Бобоев, Султоншо Мирзоев, Принс Артур, Холмурод Назаров, Далер Ёдгоров, Мунир Давлатбеков, Бунёд Шодиев (Муҳаммад Гулаев, 82), Ҳикматулло Расулов (Муҳаммадҷон Раҳмонов, 82), Муҳиддин Одилов (Отабек Каримов, 82), Муҳсинҷон Абдуғаффоров (Собирҷон Холматов, 65), Аббос Икромов (Азизбек Султонов, 80).

Огоҳонида шудандНаимҷон Иброҳимзода, Кароматулло Саидов, Парвиз Боқиохунов («Хатлон»), Аббос Икромов, Холмурод Назаров, Султоншо Мирзоев («Кӯктош»).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Сорбон Авғонов («Хатлон»).

СардоварАбдулло Давлатов (Шаҳринав).

Озири доваронДилшод Ализода (Душанбе).

Комиссари бозӣ: Эраҷ Носеҳов (Душанбе).

5 июл. Бохтар. Варзишгоҳи «Пахтакор».

 

  Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Истиқлол» (Душанбе) 8 7 1 0 38-5 22
2 «Хатлон» (Бохтар) 8 5 2 1 15-11 17
3 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 8 5 1 2 16-10 16
4 КМВА (Душанбе) 8 3 2 3 11-11 11
5 «Душанбе-83» (Душанбе) 8 3 2 3 9-15 11
6 «Файзканд» (Восеъ) 8 2 4 2 9-14 10
7 «Кӯктош» (Рӯдакӣ) 8 2 3 3 8-11 9
8 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 8 2 1 5 12-18 7
9 «Локомотив-Помир» (Душанбе) 8 1 1 6 7-15 4
10 «Истаравшан» (Истаравшан) 8 1 1 6 9-24 4

 

Нишонзанҳо: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 10 голАлишер Ҷалилов («Истиқлол») – 8 гол, Илҳом Баротов («Истаравшан») – 7 гол, Шериддин Бобоев, Рустам Соиров (ҳарду аз «Истиқлол») – 6 голӣ, Парвиз Боқи-Охунов, Худойдод Узоқов (ҳарду аз «Хатлон»), Дилшод Бозоров («Хуҷанд») – 5 голӣ, Воҳид Оразсахедов («Истиқлол»), Шодибек Ғаффоров (КМВА) – 4 голӣ, Диловаршо Ғаниев («Регар-ТадАЗ»), Хуршед Абдуллоев, Идрис Амину, Элчибек Рашидбеков (ҳар се аз «Душанбе-83») – 3 голӣ.

 

Дар даври 9-ум вомехӯранд:

11 июл (шанбе)

Оғози бозиҳо соати 17:30

«Кӯктош» – «Файзканд»

«Регар-ТадАЗ» – «Хатлон»

«Истаравшан» – КМВА

 

12 июл (якшанбе)

Оғози бозиҳо соати 17:30

«Хуҷанд» – «Душанбе-83»

«Истиқлол» – «Локомотив-Помир»

Назари худро бинависед