Чемпионати CAFA-2022 байни дастаҳои занона: имрӯз бозиҳои даври сеюм баргузор мешаванд – Федерация Футбола Таджикистана

Чемпионати CAFA-2022 байни дастаҳои занона: имрӯз бозиҳои даври сеюм баргузор мешаванд

Имрӯз, 14 июл дар шаҳри Душанбе бозиҳои даври сеюми чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) байни дастаҳои занона баргузор мешаванд.

Дар бозии аввали рӯз соати 19:00 дастаҳои мунтахаби Ӯзбекистон ва Туркманистон вомехӯранд. Сипас соати 22:00 вохӯрии дастаҳои мунтахаби занонаи Эрон ва Тоҷикистон оғоз мегардад.

Даромад ба варзишгоҳ ройгон аст! Ҳамаи мухлисонро барои дастгирии футболбозон ба варзишгоҳ даъват мекунем!

 

Чемпионати CAFA-2022 миёни мунтахабҳои занона

Даври 3

14 июл (панҷшанбе)

19:00 – Ӯзбекистон – Туркманистон

22:00 – Эрон – ТОҶИКИСТОН

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Назари худро бинависед