Бозии Суперҷоми Тоҷикистон-2023 дар Ҳисор доир мешавад – Федерация Футбола Таджикистана

Бозии Суперҷоми Тоҷикистон-2023 дар Ҳисор доир мешавад

Бо қарори Бюрои Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон макони баргузории бозӣ барои 1XBet-Суперҷоми Тоҷикистон-2023 байни дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Равшан»-и Кӯлоб аз Хуҷанд ба Ҳисор иваз карда шуд.

Сабаби кӯчонидани бозӣ барои Суперҷоми кишвар омода набудани чамани варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» мебошад. Варзишгоҳи марказии Ҳисор макони нави баргузории бозӣ интихоб шуд. Вохӯрӣ миёни бошгоҳҳои «Истиқлол»-и пойтахт ва «Равшан»-и Кӯлоб рӯзи 6 май баргузор шуда, соати 18:00 оғоз мегардад.

 

🏆 1XBet-Суперҷоми Тоҷикистон-2023

📅 6 май (шанбе)

️ Оғоз – соати 18:00

🔴 «Истиқлол» – 🔵 «Равшан»

🏟 Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

Назари худро бинависед