Бозии Ҷоми КФО-2023/24 миёни дастаҳои «Равшан» – «Алтин Асир»: ҷаласаи пеш аз вохӯрӣ доир шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Бозии Ҷоми КФО-2023/24 миёни дастаҳои «Равшан» – «Алтин Асир»: ҷаласаи пеш аз вохӯрӣ доир шуд

14 декабр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозии даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2023/24 дар чаҳоргонаи «Е» миёни бошгоҳҳои «Равшан» (Тоҷикистон) ва «Алтин Асир» (Туркманистон) баргузор мешавад.

Дар остонаи баргузории ин рақобат дар меҳмонхонаи «Румӣ»-и Душанбе бо ширкати масъулони бозӣ ва ҳамчунин намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон, бошгоҳҳои футболи «Равшан» ва «Алтин Асир» ҷаласа доир шуд.

Дар ҷаласа масъалаҳои умумии ташкилӣ баррасӣ гардида, ранги либоси дастаҳо тасдиқ шуд. Ноибқаҳрамони Тоҷикистон «Равшан»-и Кӯлоб бо либоси сурх ва футболбозони «Алтин Асир» бо либоси кабуд ба майдон мебароянд.

Пас аз ин нишасти матбуотии пеш аз бозӣ доир гашт, ки дар он сармураббии «Равшан» Тоҳирҷон Муъминов, капитани бошгоҳи шаҳри Кӯлоб Холмурод Назаров ва аз ҷониби дастаи «Алтин Асир» сармураббӣ Язгулӣ Хоҷагелдиев ва ҳимоятгар Сердар Аннаоразов ширкат варзиданд. Дар посух ба саволҳои рӯзноманигорон ҳарду мураббӣ қайд карданд, ки дастаҳояшон танҳо барои ғалаба мубориза хоҳанд бурд.

 

🏆 Ҷоми КФО-2023/24

♦️ Минтақаи марказӣ

️ Гурӯҳи «Е». Даври 6

📅 14 декабр (панҷшанбе)

️ Оғоз – соати 19:00

🇹🇯 «РАВШАН» (ТОҶИКИСТОН) – 🇹🇲 «Алтин Асир» (Туркманистон)

🏟 Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Назари худро бинависед