Бозии дӯстонаи Тоҷикистон – Русияро ҳайати доварон аз Ӯзбекистон ҳакамӣ мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Бозии дӯстонаи Тоҷикистон – Русияро ҳайати доварон аз Ӯзбекистон ҳакамӣ мекунад

Бо даъвати Федератсияи футболи Тоҷикистон бозии дӯстона миёни  мунтахабҳои Тоҷикистону Русияро ҳайати доварон аз Ӯзбекистон ҳакамӣ мекунад. 

Вазифаи довари марказии ин бозиро довари 38-солаи ФИФА Илгиз Танташеви ӯзбек, ки ба категорияи доварони элитаи КФО шомил аст, иҷро мекунад. Ба ӯ ҳамватанонаш – ёварони довари ФИФА Тимур Гайнуллини 40-сола ва Андрей Сапенкои 35-сола кӯмак мекунанд.

Бояд гуфт, рӯзи 17 ноябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Русия баргузор мешавад. Вохӯрӣ соати 20:00 оғоз мегардад.

 

🤝 Бозии дӯстона

📆 17 ноябр (панҷшанбе)

⏰ Оғоз соати 20:00

🇹🇯 ТОҶИКИСТОН – 🇷🇺 Русия

Довари марказӣ: Илгиз Танташев (Ӯзбекистон).

Ёварон: Тимур Гайнуллин, Андрей Сапенко (ҳарду аз Ӯзбекистон).

🏟 Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Назари худро бинависед