Бозии байни дастаҳои «Душанбе-83» – «Истиқлол» дар Варзишгоҳи марказии Душанбе мегузарад – Федерация Футбола Таджикистана

Бозии байни дастаҳои «Душанбе-83» – «Истиқлол» дар Варзишгоҳи марказии Душанбе мегузарад

Бозии даври якуми Чемпионати Тоҷикистон байни дебютанти имсолаи Лигаи олии кишвар, дастаи футболи “Душанбе-83” ва чемпиони феълии мамлакат “Истиқлол”-и пойтахт рӯзи чоршанбеи 8 апрел, дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Оғози бозӣ соати 18:00.

Қаблан хабар дода будем, ки бозии мазкур дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат доир мешавад. Баъдтар бо мувофиқати ҳарду дастаҳо қарор шуд, ки бозии даври аввали қисми якуми Чемпионат дар шаҳри Душанбе баргузор шуда, дар қисми дуюми мусобиқа “Истиқлол” бозии хонагии худро муқобили “Душанбе-83” дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат мегузаронад.

Ба ғайр аз  ин, бо хоҳиши Шабакаи телевизиони “Варзиш”, ки инъикоскунандаи асосии рафти чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ мебошад, вохӯрӣ байни “Душанбе-83” ва “Истиқлол” соати 18:00 оғоз шуда, мустақиман тавассути шабакаҳои “Варзиш” ва “Футбол” намоиш дода мешавад.

Инчунин, дар ин рӯз Шабакаҳои телевизиони “Варзиш” ва “Футбол” мустақиман бозии байни дастаҳои КМВА ва “Хуҷанд”-ро, ки соати 16:00 дар Варзишгоҳи КМВА ВМ ҶТ (собиқ Политехникум)  баргузор мешавад, намоиш хоҳанд дод.

 

Чемпионати  Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 1-ум

8 апрел (чоршанбе)

Оғози бозӣ соати 16:00

КМВА – «Хуҷанд»

Сардовар: Абдулло Давлатов (Шаҳринав).

Нозири доварон: Абдураҳим Бабаев (Турсунзода).

Комиссари бозӣ: Фаррух Ҳусейнзода (Ҷалолиддини Балхӣ).

Душанбе, Варзишгоҳи КМВА ВМ ҶТ

 

Оғози бозӣ соати 18:00

«Душанбе-83» – «Истиқлол»

Сардовар: Амирҷон Хоркашев (Душанбе).

Нозири доварон: Равшан Ишматов (Бохтар).

Комиссари бозӣ: Комрон Шодиев (Душанбе).

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Назари худро бинависед