Бозиҳои тими миллии Тоҷикистонро бо Арабистони Саудӣ доварон аз Сингапур ва Кореяи Ҷанубӣ ҳакамӣ мекунанд – Федерация Футбола Таджикистана

Бозиҳои тими миллии Тоҷикистонро бо Арабистони Саудӣ доварон аз Сингапур ва Кореяи Ҷанубӣ ҳакамӣ мекунанд

ФИФА номи доваронеро, ки дар бозиҳои моҳи марти тими миллии Тоҷикистон муқобили мунтахаби Арабистони Саудӣ ҳакамӣ мекунанд, эълон намуд.

Бозии даври сеюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 миёни дастаҳои мунтахаби Арабистони Саудӣ ва Тоҷикистонро, ки рӯзи 21-уми март дар Риёз баргузор мешавад, ҳайати доварон аз Сингапур ҳакамӣ мекунад. Довари марказӣ довари ФИФА Муҳаммад Тақӣ Ал-Ҷаъфарӣ Бин Ҷаҳарӣ таъйин шуд. Ба Муҳаммад Тақӣ дар ин рӯз ҳамватанонаш – Ронни Ко Мин Киат ва Абдул Ҳаннон Бин Абдул Ҳосим кӯмак хоҳанд кард. Сонгкран Бунмикиарт аз Тайланд довари эҳтиётӣ хоҳад буд. Саъд Ал-Фадлӣ аз Кувайт нозир ва Арунава Бхаттачария аз Ҳиндустон комиссар таъйин шуданд.

Бозии даври чоруми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Арабистони Саудиро, ки баъд аз панҷ рӯз – 26-уми март дар Душанбе баргузор мешавад, ҳайати доварон аз Кореяи Ҷанубӣ ҳакамӣ мекунад. Вазифаи довари марказиро довари ФИФА Ким Чен Хёки 40-сола ба ӯҳда хоҳад дошт. Ёварони ӯ дар хатҳо Парк Кёнён ва Гийол Банг хоҳанд буд. Вазифаҳои довари чаҳорумро Зайд Тҳамер Муҳаммад аз Ироқ иҷро мекунад. Масъуд Муродӣ аз Эрон нозири доварон ва Лки Парк аз Кореяи Ҷанубӣ комиссари бозӣ таъйин шудаанд.

Назари худро бинависед