Бозиҳои таъхирафтодаи даври панҷуми чемпионати Тоҷикистон-2023 рӯзҳои 29 ва 30 июн баргузор мешаванд – Федерация Футбола Таджикистана

Бозиҳои таъхирафтодаи даври панҷуми чемпионати Тоҷикистон-2023 рӯзҳои 29 ва 30 июн баргузор мешаванд

Лигаи футболи Тоҷикистон санаи баргузории бозиҳои мавфуқмондаи даври панҷуми мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон-2023-ро муайян кард.

Бозиҳои даври панҷуми лигаи олӣ рӯзҳои 29 ва 30 июн баргузор мешаванд. Баъди ин дар чемпионат танаффус оғоз мешавад. Равзанаи гузариши тобистона дар Тоҷикистон аз 1 июл то 28 июл идома хоҳад кард. Нимаи дуюми мавсим бо бозиҳои даври 1/8 ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2023, ки рӯзҳои 29 ва 30 июл дар назаранд, шуруъ мегардад. Вохӯриҳои даври понздаҳуми лигаи олии қаҳрамонии Тоҷикистон рӯзҳои 3 ва 4 август баргузор мешаванд.

 

🏆 1XBet-чемпионати Тоҷикистон-2023

Лигаи олӣ. Бозиҳои мавқуфгузоштаи даври 5

📅 29 июн (панҷшанбе)

️ Оғоз соати 17:30

«Равшан» – «Регар-ТадАЗ»

«Куктош» – КМВА

📅 30 июн (ҷумъа)

️ Оғоз – соати 17:30

«Эсхата» – «Истиқлол»

«Ҳосилот» – «Хуҷанд»

«Файзканд» – «Хатлон»

Назари худро бинависед