Бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон-2023-ро Сайёдҷон Зайниддинов доварӣ мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон-2023-ро Сайёдҷон Зайниддинов доварӣ мекунад

Бозӣ барои 1XBet-Суперҷоми Тоҷикистон-2023 миёни дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Равшан»-и Кӯлобро ҳайати доварон бо роҳбарии Сайёдҷон Зайниддинов ҳакамӣ мекунад.

Барои Сайёдҷон Зайниддинови 35-сола, довари ФИФА ин нахустин таҷриба дар Суперҷоми Тоҷикистон тӯли фаъолияти касбиаш ба ҳайси довари марказӣ хоҳад буд. Қобили зикр аст, ки соли 2014 Зайниддинов (он вақт ёвари довари ФИФА буд) дар бозии Суперҷом байни бошгоҳҳои «Истиқлол» ва «Равшан» ба ҳайси ёвари довари марказӣ кор кардааст.

Дар рақобати интизор ба Сайёдҷон Зайниддинов ёварони довари ФИФА Акмал Бӯриев (Турсунзода) ва Хусрави Сиддиқзод (Душанбе) кӯмак мекунанд. Доварони иловагӣ Рустам Нурматов (Душанбе) ва Хуршед Дадобоев (Хуҷанд) мебошанд. Вазифаи довари эҳтиётиро Рустамбек Хуҷаев (Қубодиён) иҷро мекунад. Умед Раҳимов аз Бохтар нозири доварон шуда, Орази Ализода аз Душанбе комиссари бозӣ таъйин гардид.

Қобили зикр аст, ки бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон-2023 байни дастаҳои «Истиқлол»-и пойтахт ва «Равшан»-и Кӯлоб рӯзи 6 май дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор мешавад. Рақобат соати 18:00 оғоз мегардад. Дар охири вохӯрӣ лотереяи варзишӣ гузаронида мешавад. Байни мухлисон аз рӯйи чиптаҳо туҳфаҳои арзишманд – ду iPhone 14, ду планшет, телевизор ва инчунин тӯбҳои «Molten» ба бозӣ гузошта мешаванд. Нархи чипта – 10 сомонӣ.

 

🏆 1XBet-Суперҷоми Тоҷикистон-2023

📅 6 май (шанбе)

️ Оғоз – соати 18:00

🔴 «Истиқлол» (Душанбе) – 🔵 «Равшан» (Кӯлоб)

Довари марказӣ: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

Ёварон: Акмал Бӯриев (Турсунзода), Хусрави Сиддиқзод (Душанбе).

Довари эҳтиётӣ: Рустамбек Хуҷаев (Қубодиён).

Доварони иловагӣ: Рустам Нурматов (Душанбе), Хуршед Дадобоев (Хуҷанд).

Нозири доварон: Умед Раҳимов (Бохтар).

Комиссари бозӣ: Орази Ализода (Душанбе).

🏟 Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

Назари худро бинависед