Бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон-2020 байни «Истиқлол» ва «Хуҷанд»-ро Насрулло Кабиров доварӣ мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон-2020 байни «Истиқлол» ва «Хуҷанд»-ро Насрулло Кабиров доварӣ мекунад

Рефери 34-солаи ФИФА Насрулло Кабиров аз Норак сардовари бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон-2020 байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Хуҷанд” таъин шуд.

Кабировро дар канори майдон рефери ФИФА Акмал Буриев (Турсунзода) ва Исмоил Нуралиев (Норак) кӯмак хоҳанд кард. Вазифаи довари захиравиро рефери ФИФА Гулмуроди Саъдуллои душанбегӣ ба зимма дорад.  Раҳимҷон Шарипов аз душанбе нозири доварон ва Беҳрӯзи Айниддинзода аз Бохтар комиссари вохӯрӣ таъин шуданд.

Бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон рӯзи 4 апрел, соати 17:00 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор мешавад.

Ёдрас мешавем, ки байни “Истиқлол” ва “Хуҷанд” бе иштироки тамошобинон доир мешавад. Мухлисони футбол имкон доранд, ки тавассути Шабакаҳои телевизионии “Варзиш” ва “Футбол” ба таври мустақим бозиро тамошо кунанд.

 

Суперҷоми Тоҷикистон-2020

4 апрел (шанбе)

Оғоз соати 17:00

«Истиқлол» – «Хуҷанд»

Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).

Ёварони сардоварАкмал Буриев (Турсунзода), Исмоил Нуралиев (Норак).

Довари эҳтиётӣ: Гулмуроди Саъдулло (Душанбе).

Нозири доварон: Раҳимҷон Шарипов (Душанбе).

Комиссари бозӣ: Беҳрӯз Айниддинзода (Бохтар).

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Назари худро бинависед