Амирбек Ҷӯрабоев бо сабаби ҷароҳат доштанаш дар Ҷоми Осиё-2023 иштирок намекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Амирбек Ҷӯрабоев бо сабаби ҷароҳат доштанаш дар Ҷоми Осиё-2023 иштирок намекунад

Нимҳимоятгари марказии тими миллии Тоҷикистон Амирбек Ҷӯрабоев ба далели ҷароҳат доштанаш дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023, ки аз 12 январ то 10 феврал дар Қатар баргузор мешавад, ширкат намекунад.

Амирбек Ҷӯрабоев бинобар аз пояш ҷароҳат бардоштан дар бозии санҷишӣ бо тими миллии Ҳонгконг (2:1) дар Абу-Даби ба тими Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё кӯмак карда наметавонад. Барқароршавии нимҳимоятгар чанд ҳафта тӯл мекашад.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба Амирбек шифои комилу оҷил таманно дорад!

Назари худро бинависед