Аккредитатсияи ВАО барои бозиҳои хонагии «Истиқлол» дар Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2023/24 – Федерация Футбола Таджикистана

Аккредитатсияи ВАО барои бозиҳои хонагии «Истиқлол» дар Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2023/24

Ба таваҷҷуҳи намояндагони ВАО! Хадамоти матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон ва бошгоҳи «Истиқлол» ба раванди аккредитатсияи намояндагони васоити ахбори оммаи дохилӣ ва хориҷиро барои инъикоси бозиҳои хонагии бошгоҳи «Истиқлол» дар Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2023/24 шуруъ мекунанд.

Аризаро барои аккредитатсия бо сурат ба суроғаи s_faridun@mail.ru фиристед. Дар ариза бояд ин маълумот зикр шаванд: ном ва навъи ВАО (нашрия, портали интернетӣ, телевизион, радио), ному насаби рӯзноманигор, рақамҳои телефон.

Аризаҳо то соати 19:00-и рӯзи 8 сентябр қабул карда мешаванд. Аризаҳое, ки баъд аз гузаштани муҳлат фиристода мешаванд, баррасӣ НАМЕГАРДАНД!

Бейҷҳои аккредитатсионӣ ба рӯзноманигорон рӯзи 18 сентябр, як рӯз пеш аз бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2023/24 миёни дастаҳои «Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Ал-Дуҳайл» (Қатар) супурда мешаванд. 

Телефон барои маълумот: +992 918667387 (Фаридун Солиев).

Назари худро бинависед