Ҳайати доварони бозии КМВА – «Регар-ТадАЗ» ҷазо дода шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Ҳайати доварони бозии КМВА – «Регар-ТадАЗ» ҷазо дода шуд

 

Имрӯз, 17 май дар дафтари Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷаласаи кумитаи доварон баргузор шуд, ки дар он шикояти бошгоҳи футболи КМВА аз рӯйи ду ҳолат дар бозии даври нуҳуми чемпионати Тоҷикистон бо дастаи «Регар-ТадАЗ» баррасӣ шуд (0:0).

Кумитаи доварони ФФТ баъди баррасии навори бозии чемпионати Тоҷикистон-2023 байни дастаҳои КМВА – «Регар-ТадАЗ» (13 май) тасмим гирифт, ки доварони канорӣ дар ду ҳолат ба иштибоҳ роҳ додаанд, ки он ба натиҷаи вохӯрӣ таъсир расонидааст. Дар ҳолати аввал ёвари довари марказӣ Фарход Куралов иштибоҳан барои бозигари КМВА офсайд ба қайд гирифт, ки ӯ пас аз садои ҳуштак тӯбро ба дарвозаи ҳариф ворид кард. Дар ҳолати дигар доварон надиданд, ки чӣ тавр баъди зарбаи бозигари КМВА тӯб аз хати дарвоза гузаштааст.

Бар асоси ин, кумитаи доварони ФФТ тасмим гирифт, ки ёвари довари марказӣ Исломҷон Холиқовро барои се давр аз ҳакамии тамоми бозиҳои Лигаи футболи Тоҷикистон барканор кунад. Ёвари довари марказӣ Фарҳод Куралов барои ду давр аз ҳаққи доварӣ дар ҳамаи бозиҳои ЛФТ маҳрум карда шуд. Ҳамчунин кумитаи доварони ФФТ довари марказии вохӯрии КМВА – «Регар-ТадАЗ» Рустам Нурматовро барои як давр аз ҳакамӣ маҳрум кард.

Назари худро бинависед