Ҷаҳонгир Эргашев собиқаи бозикунияшро дар Суперлигаи Узбекистон идома медиҳад – Федерация Футбола Таджикистана

Ҷаҳонгир Эргашев собиқаи бозикунияшро дар Суперлигаи Узбекистон идома медиҳад

Ниммуҳофизатгари дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон Ҷаҳонгир Эргашев собиқаи бозикунияшро дар дастаи футболи “Қизилқум”, ки дар Суперлигаи Узбекистон баромад мекунад, идома хоҳад дод.

Футболбози тоҷик бо дастаи “Қизилқум” то охири мависим шартнома ба тасвиб расондааст. Дар ин бора агент ё худ корҷӯйи футболбоз – Кова Тилавпур хабар дод. Бошгоҳи охирине, ки Эргашев дар он бозӣ мекард, дастаи футболи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд буд. Ҷаҳонгир дар ҳайати “Хуҷанд” дар мависми футболи соли гузашта, ба гирифтани медалҳои нуқраи қаҳрамонии Тоҷикистон шарафёб шуд.

Ёдрас мешавем, ки дар мавсими футболи соли гузашта, дастаи “Қизилқум” дар қаҳрамонии Суперлигаи Узбекистон мақоми ёздаҳумро ишғол карда буд.

Назари худро бинависед