24 сентябр марҳилаи сеюми чемпионати Тоҷикистон-2023 оғоз мешавад – Федерация Футбола Таджикистана

24 сентябр марҳилаи сеюми чемпионати Тоҷикистон-2023 оғоз мешавад

Бар асоси нақшаҳои Лигаи футболи Тоҷикистон 24-уми сентябр бозиҳои марҳилаи сеюми мусобиқоти қаҳрамонии кишвар байни дастаҳои лигаи олӣ оғоз мешаванд.

Ба далели он ки бозии мавқуфгузоштаи даври сездаҳум миёни бошгоҳҳои КМВА ва «Истиқлол» то ҳол баргузор нашудааст (бозӣ моҳи сентябр баргузор мешавад), то ҳол мавқеи ҷойгиршавии дастаҳои панҷгонаи поёнии чемпионати Тоҷикистон-2023 маълум нест.

Ҳангоми тартиб додани тақвими марҳилаи сеюми чемпионати Тоҷикистон-2023 бошгоҳҳо мувофиқи ҷойи ишғолкардаи худ рақамҳои силсилавӣ мегиранд. Тақвими марҳилаи сеюми чемпионат бо истифода аз ҷадвали Бергер тартиб дода мешавад.

Дар марҳилаи сеюми чемпионати Тоҷикистон дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим мегарданд. Имтиёзҳои дар ду марҳила ба дастоварда нигоҳ дошта мешаванд. Аз рӯи натоиҷи қисми аввал панҷ бошгоҳи беҳтарин дар гурӯҳи «А» дар як давр байни ҳам бозӣ карда, барои ҷойҳои аз 1 то 5-и ҷадвал мубориза мебарад. Панҷ дастаи боқимонда дар гурӯҳи «Б» дар алоҳидагӣ бозӣ карда, барои ҷойҳои аз 6 то 10-ум рақобат менамояд. Дар охири мавсим ду дастаи поёнӣ ба лигаи якум меравад. Дар маҷмуъ ҳар даста дар чемпионати Тоҷикистон-2023 22 бозигӣ анҷом медиҳад.

Назари худро бинависед