21-уми март мунтахаби Тоҷикистон дар Риёз бо тими миллии Арабистони Саудӣ бозӣ мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

21-уми март мунтахаби Тоҷикистон дар Риёз бо тими миллии Арабистони Саудӣ бозӣ мекунад

Баъди як моҳ, 21-уми март тими миллии Тоҷикистон дар доираи даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «G» бозии сеюми худро анҷом медиҳад.

Рақиби дастаи мо тими миллии Арабистони Саудӣ хоҳад буд. Ин вохӯрӣ дар варзишгоҳи Донишгоҳи Шоҳи Сауд баргузор шуда, соати 23:59 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.

Тимҳои миллии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар даври чоруми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар Варзишгоҳи марказии Душанбе вомехӯранд. Ин дидор 26 март соати 20:00 оғоз мешавад.

 

🏆 Ҷоми ҷаҳон-2026. Марҳилаи интихобӣ

Даври дуюм. Гурӯҳи «G»

Даври 3

📅 21 март (панҷшанбе)

️ Оғоз – соати 23:59 ба вақти Душанбе

🇸🇦 Арабистони Саудӣ – 🇹🇯 ТОҶИКИСТОН

🏟 Риёз, Варзишгоҳи Донишгоҳи Шоҳи Сауд

Назари худро бинависед