17 довар аз Тоҷикистон ба рӯйхати доварони ФИФА дар соли 2025 дохил шуданд – Федерация Футбола Таджикистана

17 довар аз Тоҷикистон ба рӯйхати доварони ФИФА дар соли 2025 дохил шуданд

Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) рӯйхати доваронеро, ки дар соли 2025 дар бозиҳои байналмилалӣ ҳакамӣ мекунанд, нашр намуд. Шумораи квотаи ҳакамони Тоҷикистон нисбат ба соли гузашта аз 14 ба 17 нафар афзоиш ёфт.

Ба рӯйхати доварони байналмилалӣ аз Тоҷикистон 17 довар – 6 довари ФИФА, 8 ёвари довари ФИФА ва ду довари футзали ФИФА шомиланд. Ду довар – сокинони шаҳри Душанбе Гулмуроди Саъдулло ва Зуҳал Хуҷаназарова, ки ба рӯйхати видеодовари ФИФА шомил шуданд, ҳаққи доварӣ дар бозиҳои байналмилалиро ҳамчун VAR пайдо карданд.

Назари худро бинависед