13 январ дар меҳмонхонаи «Ҳаятт Риҷенси Душанбе» нахустин ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон дар соли ҷорӣ баргузор мешавад. Оғоз соати 9:00 дар назар аст.
Рӯзномаи ҷаласаи Кумитаи иҷроияи ФФТ масъалаҳои зеринро дар бар мегирад:
1. Дар бораи рафти иҷрои қарорҳои Кумитаи иҷроияи ФФТ аз 26 августи соли 2022.
2. Дар бораи нақшаҳои Лигаи футболи Тоҷикистон дар соли 2023.
3. Дар бораи вазифаҳои дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё дар соли 2023.
4. Дар бораи вазифаҳои Федератсияи футболи шаҳри Душанбе оид ба рушди минбаъдаи футбол дар пойтахт дар соли 2023.