Санаи баргузории бозиҳои нимфиналии Ҷоми Тоҷикистон муайян гардид. Ба иттилои менеҷери Лигаи миллии футболи Тоҷикистон Алишер Урунов, бозии аввали марҳилаи 1/2 финали Ҷоми Тоҷикистон байни КМВА “Помир”-и Душанбе ва “Регар-ТадАз”-и Турсунзода рӯзи 20 сентябр дар Душанбе доир мегардад. Бозии ҷавобӣ дар Турсунзода рӯзи 1 октябр баргузор хоҳад шуд.
Бозиҳои нимфиналӣ байни “Истиқлол”-и Душанбе ва “Равшан”-и Кӯлоб рӯзҳои 22 ва 25 сентябр доир мешаванд. Бозии якум дар Варзишгоҳи марказии Душанбе ва бозии ҷавобӣ дар варзишгоҳи марказии Кӯлоб баргузор мешавад.
Ҷоми Тоҷикистон-2015
1/2 финал. Бозиҳои якум
20 сентябр (якшанбе)
КМВА «Помир» — «Регар-ТадАЗ»
22 сентябр (сешанбе)
«Истиқлол» — «Равшан»
1/2 финал. Бозиҳои ҷавобӣ
25 сентябр (ҷумъа)
«Равшан» — «Истиқлол»
1 октябр (панҷшанбе)
«Регар-ТадАЗ» — КМВА «Помир»