Санаи баргузории бозиҳои нимфиналии Ҷоми миллӣ муайян карда шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Санаи баргузории бозиҳои нимфиналии Ҷоми миллӣ муайян карда шуд

Санаи баргузории бозиҳои нимфиналии Ҷоми Тоҷикистон муайян гардид. Ба иттилои менеҷери Лигаи миллии футболи Тоҷикистон Алишер Урунов, бозии аввали марҳилаи 1/2 финали Ҷоми Тоҷикистон байни КМВА “Помир”-и Душанбе ва “Регар-ТадАз”-и Турсунзода рӯзи 20 сентябр дар Душанбе доир мегардад. Бозии ҷавобӣ дар Турсунзода рӯзи 1 октябр баргузор хоҳад шуд.

Бозиҳои нимфиналӣ байни “Истиқлол”-и Душанбе ва “Равшан”-и Кӯлоб рӯзҳои 22 ва 25 сентябр доир мешаванд. Бозии якум дар Варзишгоҳи марказии Душанбе ва бозии ҷавобӣ дар варзишгоҳи марказии Кӯлоб баргузор мешавад.

Ҷоми Тоҷикистон-2015

1/2 финал. Бозиҳои якум

20 сентябр (якшанбе)

КМВА «Помир» — «Регар-ТадАЗ»

22 сентябр (сешанбе)

«Истиқлол» — «Равшан»

 

1/2 финал. Бозиҳои ҷавобӣ

25 сентябр (ҷумъа)

«Равшан» — «Истиқлол»

1 октябр (панҷшанбе)

«Регар-ТадАЗ» — КМВА «Помир»

Добавить комментарий