Равзанаи гузариши тобистона пӯшида шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Равзанаи гузариши тобистона пӯшида шуд

Рӯзи 21 июл равзанаи гузариши тобистонаи дастаҳои лигаи олии Тоҷикистон пӯшида шуд. Пеш аз оғози қисми дуюми чемпионат баъзе клубҳои футболи лигаи олии мамлакат ҳайатҳои худро бо бозигарони нав пурқувват карданд.

“Барқи тоҷик”, ки баъди қисми якуми чемпионат дар зинаи пеш аз охирини ҷадвали чемпионат қарор дорад, муҳофизатгар Сергей Абрамов ва ниммуҳофизатгар Вайсиддин Сафаровро  ба ҳайати худ номнавис кард. Ҳар дуи ин бозигарон қисми аввали чемпионатро дар “Хуҷанд”-и Хуҷанд сипарӣ карданд. Дастаи пойтахт инчунин ба ҳайати худ ду нафар легионерҳо аз давлати Гана – ниммуҳофизатгар Био Франсис ва ҳамлагар Саломон Течиро шомил сохт. Био Франсис ниммаи аввали чемпионат дар “Хайр”-и Ваҳдат ва Саломон Течи бошад дар “Далерон-Уротеппа”-и Истаравшан гузарониданд. Дар қисми дуюми чемпионат ҷоизадори медалҳои биринҷии чемпионати Осиё-2006 дар ҳайати мунтахаби наврасони Тоҷикистон, муҳофизатгар Ромиз Баҳриддинов низ дар ҳайати дастаи барқчиён баромад хоҳад кард. Ба ғайр аз нафарони номбаршуда, ниммуҳофиз Фирӯз Юсупов ва ҳамлагарон Фирдавс Ғафуров бо Фирӯз Раҳматов ҳайати “Барқи тоҷик”-ро дар қисми дуюми чемпионат тақвият медиҳанд. Ахирӣ ниммаи аввали чемпионат дар ҳайати “Равшан”-и Кӯлоб шомил буда, асосан онро дар нишастгоҳи эҳтиётиён гузаронида буд.

“Вахш”-и Қӯрғонтеппа, ки асосан аз бозигарони мунтазаби ҷавонони Тоҷикистон таъсис ёфтаст, ду нафар муҳофизон – Алишер Сафаров ва Наврӯз Абдулро аз “Истиқлол”-и пойтахт ба иҷора гирифт. Ҳамлагар Ҳиматулло Мулодӯстов, ки нимаи аввали чемпионат дар “Барқи тоҷик” баромад мекард, шомили дастаи шаҳри Қӯрғонтеппа шуд.

Чемпиони дукаратаи Тоҷикистон “Равшан”-и Кӯлоб дар давраи байнимавсимии тобистона ҳайати худро ба таври чашмрас пурқувват намуд. Даста бо се нафар легионерҳои африқоитабор аз давлати Гана – муҳофизон Бенҷамин Авуко, Содиқ Мусо ва ниммуҳофиз Акуффо Гершон шартнома ба тавсиб расонд. Ҳар сеи легионерҳои номбаршуда аз “Далерон-Уротеппа”, инчунин дарвозабони мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон Муродулло Саидов аз “Вахш”-и Қӯрғонтеппа ба “Равшан” гузаштанд.

Дар ин баробар якчанд нафар бозигарон ҳайати дастаи шаҳри Кӯлобро тарк карданд, ки инҳо – дарвозабон Муминҷон Гадойбоев, муҳофиз Хуршед Абдуллоев, ниммуҳофизон Одил Рамзонӣ, Ширин Наимов, Ҷамолиддин Зардиев ва ҳамлагар Фирӯз Раҳматов мебошанд.

Айни ҳол маълум нест, ки кӣ сармураббии дастаи шаҳри Кӯлоб мешавад. Баъди аз ин вазифа истеъфо додани Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, “Равшан” ба қисми дуюми чемпионат зери роҳбарии тарбиятдидаи мактаби футболи Кӯлоб Ғайраталӣ Мираҳмадов омодагӣ мегирад. Маълумотҳое низ ҷой доранд, ки Ғайраталӣ Мираҳмадов ба наздикӣ барои тамрин кардани дастаи лигаи бартари Афғонистон ба ин кишвар сафар мекунад.

Витсе-чемпиони феълии мамлакат “Хайр”-и Ваҳдат низ барои иштирок дар қисми дуюми чемпионат ба ҳайати худ шаш нафар бозигарони навро номнавис кард. Ниммуҳофизон Шарафҷон Солиев, Ҷамшед Исмоилов ва чор нафар легионерҳои эронӣ – Муҳаммад Гулипур, Одил Рамзонӣ, Саидмуҳаммади Ҳусейнӣ ва Асади Боир Номдор қисми дуюми чемпионатро дар дастаи шаҳри Ваҳдат хоҳанд гузаронд.

Легионерҳои ганагии “Хайр” Айдох Наполеон ва Сефах Жаке Нана ба КМВА “Помир”-и Душанбе гузаштанд. Клуби мудофиачиёни кишвар инчунин ниммуҳофиз Дороб Эргашевро низ ба ҳайати худ шомил гардонд.

Яке аз мудаиёни асосии медалҳои мавсими имсолаи чемпионат “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода ҳайати худро бо ду нафар ниммуҳофизон – Абдусамад Ҳоҷибоев ва Ҳикматулло Расулов пурра сохт. Ҳар дуи ин бозигарон қисми аввали чемпионатро дар “Далерон-Уротеппа” гузарониданд. Аммо барои пурра ба ҳайати дастаи шаҳри Турсунзода гузаштан, ҳар дуи ин бозигаронро зарур аст, ки ризоияти дастаи қаблияшонро бигиранд.

“Хуҷанд”-Хуҷанд, ки қисми аввали чемпионатро дар зинаи дуюми ҷадвали мусобиқа ҷамъбаст намуд, дар гузариши байнимавсимии тобистона ду нафар бозигарони навро ба ҳайати худ шомил сохт. Ниммуҳофизи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон Ҳоҷибой Зиёев, ки қисми аввали чемпионатро дар “Вахш”-и Қӯрғонтеппа гузаронд, боз  ба ҳайати дастаи соҳили Сирдарё баргашт. Инчунин ниммуҳофизатгар Руслан Раҳматов ҳам ба рӯёхати дархостии даста шомил гардонида шуд.

Ҳайати “Далерон-Уротеппа”-и Истаравшанро, ки айни замон мушкилоти сангини молиявиро пушти сар мекунад, баъди қисми якум бозигарони зиёди калидияш тарк гуфтанд. Аз ин лиҳоз роҳбарияти клуб ба Лигаи миллии футболи кишвар ҳуҷҷатҳои панҷ нафар бозигарони навро пешниҳод намуд, ки  инҳо – Шероз Сангинов, Беҳрӯз Сангинов, Баҳодур Султонов, Хушбахт Назруллоев ва Шоҳрух Раҷаматов мебошанд.

Добавить комментарий