Ҷоми Тоҷикистон-2015: бозии финалӣ дар Душанбе мегузарад – Федерация Футбола Таджикистана

Ҷоми Тоҷикистон-2015: бозии финалӣ дар Душанбе мегузарад

Бозии финалии Ҷоми Тоҷикистон-2015 рӯзи 25 октябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад.

Қаблан хабар дода будем, ки вохӯрии финалии ҷоми имсолаи миллӣ дар Варзишгоҳи марказии Кӯлоб доир мегардад. Аммо, алоқамандона ба оне, ки ҳам майдони футболбозӣ ва ҳам зерсохтори Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб, ба сатҳи баргузории бозии финалии Ҷоми Тоҷикистон мутобиқат намекунанд, Федератсияи футболи Тоҷикистон қарор кард, ки бозии финалии Ҷоми Тоҷикистон байни дастаҳои ”Истиқлол” (Душанбе) ва “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода) рӯзи 25 октябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ ташкилу баргузор гардонида шавад.

 

Ҳамаи бозиҳои финалии Ҷоми Тоҷикистон:

1992 – «Помир» (Душанбе) – «Регар» (Турсунзода) – 1:0

1993 – «Ситора» (Душанбе) – «Равшан» (Кӯлоб) – 0:0. Бо пеналти – 5:3

1994 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Шодмон» (Ҳисор) – 2:1

1995 – «Пахтакор» (Ҷаббор Расулов) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. Бо пеналти – 3:2

1996/1997 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 4:0

1997/1998 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Ранҷбар» (Восе) – 2:1

1998 – «Варзоб» (Душанбе) – «Хӯҷа Каримов» (Ғозималик) – 3:1

1999 – «Варзоб» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. Бо пеналти – 4:2

2000/2001 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Варзоб» (Душанбе) – 4:2

2001/2002 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:1

2002 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 3:0

2003 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Олимп-Ансол» (Кӯлоб) – 3:1

2004 – «Авиатор» (Бобоҷон Ғафуров) – «Уротеппа» (Истаравшан) – 5:0

2005 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 1:1. Бо пеналти – 3:1

2006 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хима» (Душанбе) – 2:1

2007 – «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) – «Хима» (Душанбе) – 1:0

2008 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Энергетик» (Душанбе) – 2:1

2009 – «Истиқлол» (Душанбе) – КМВА«Помир» (Душанбе) – 3:1

2010 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 5:0

2011 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:1

2012 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:1. Бо пеналти – 5:6

2013 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:0

2014 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 5:2

2015 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» – ?

Добавить комментарий