Ҷоми КФО-2016: «Истиқлол» рақибонашро шинохт – Федерация Футбола Таджикистана

Ҷоми КФО-2016: «Истиқлол» рақибонашро шинохт

Дар Куала-Лумпури Малайзия қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2016  доир гардид.  Мувофиқи натиҷаи қуръакашӣ чемпиони чоркаратаи Тоҷикистон «Истиқлол»-и Душанбе, дар марҳилаи гурӯҳии ин мусобиқа дар гурӯҳи «В» бо «Нафит Ал-Васат» (Ироқ), «Ал-Файзалӣ» (Урдун) ва ғолиби ҷуфти бозии плей-оффи «Триполи» (Лубнон) – «Олой» (Қирғизистон) рақобат мекунад.

Витсе-чемпиони Тоҷикистон «Хуҷанд»-и Хуҷанд бошад, дар сурати ғалба дар бозии плей-офф бар бошгоҳи футболи «Аҳлӣ Ал-Халил»-и Фаластин дар квартети «D»  бо «Ал-Муҳаррак»-и Баҳрайн, «Фанҷа»-и Уммон ва «Ал-Ҷайш»-и Сурия рӯбарӯ мешавад.

Дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2016 сиву ду даста ба ҳашт квартети чор дастагӣ тақсим шуданд. Баъд аз анҷоми марҳилаи гурӯҳӣ аз ҳар гурӯҳ ду дастаи зинаҳои аввал ба марҳилаи 1/8 финалӣ мебароянд. Дар ин марҳила дастаҳои зинаи аввали гурӯҳ дар бозиҳои якум рақибонашонро дар майдони худ қабул мекунанд.

Бозиҳои марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2016 дар мӯҳлатҳои зерин мегузаранд: 23-24 феврал (даври 1-ум), 8-9 март (даври 2-юм), 15-16 март (даври 3-юм), 12-13 апрел (даври 4-ум), 26-27 апрел (даври 5-ум) ва 10-11 май (даври 6-ум).

Бозиҳои марҳилаи 1/8 финалӣ рӯзҳои 24-25 май, бозиҳои чорякфиналӣ – 13-14 сентябр (бозиҳои якум) ва  20-21 сентябр (бозиҳои ҷавобӣ), бозиҳои ниманиҳоӣ – 27-28 сентябр (бозиҳои якум) ва 18-19 октябр (бозиҳои ҷавобӣ) доир мешаванд. Бозии финалии Ҷоми КФО-2016 рӯзи 5 ноябр баргузор хоҳад шуд.

 

Натоиҷи қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2016:

Минтақаи «Ғарбӣ»

Гурӯҳи «А»: «Ал-Веҳдат»ва ё  «Ал-Ҷазира» (Урдун), «Ал-Ахед» (Лубнон), «Алтин Асир» (Туркманистон), ғолиби ҷуфти бозии плей-оффи «Ал-Хидд» (Баҳрейн)/«К-Электрик» (Покистон).

Гурӯҳи «В»: «Нафит Ал-Васат» (Ироқ), «Ал-Файзалӣ» (Урдун), «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН), ғолиби ҷуфти «Триполи» (Лубнон)/«Олой» (Қирғизистон).

Гурӯҳи «С»: «Ал-Оруба» (Уммон), «Эйр Форс» (Ироқ), «Ал-Дхариа» (Фаластин), «Ал-Ваҳда»/дастаи дуюми Туркманистон.

Гурӯҳи «D»: «Ал-Муҳаррак» (Баҳрейн), «Фанджа» (Уммон), «Ал-Ҷайш» (Сурия), ғолиби ҷуфти  «Ахлӣ Ал-Халил» (Фаластин)/«ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН).

Минтақаи «Шарқӣ»

Гурӯҳи «E»: «Тампинес Роверс» ва ё «Уорриорс» (Сингапур), «Селангор» (Малайзия), «Тсерес» (Филиппин), «Шайх Ҷамол Дханмонди» (Бангладеш).

Гурӯҳи «F»: «Китчи» (Гонконг), «Балесте Халса» (Сингапур), «Ню Радиант» (Молдив), «Кайя» (Филиппин).

Гурӯҳи «G»: «Мохун Баган» (Ҳиндустон), «Саут Чайна» (Ҳонконг), «Янгон Юнайтед» ва ё «Яданарбон» (Мянма), «Мазия Спорт» (Молдив).

Гурӯҳи «H»: «Ҷоҳор Дарул Такзим» ва ё «Паҳанг» (Малайзия), «Бенгалуру» (Ҳиндустон), «Лао Тойота» (Лаос), «Айеявади» (Мянма).

Добавить комментарий