Ҷоми КФО-2015: “Истиқлол” дар чорякфинал бо “Паҳанг”-и Малайзия бозӣ мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Ҷоми КФО-2015: “Истиқлол” дар чорякфинал бо “Паҳанг”-и Малайзия бозӣ мекунад

Имрӯз, 18 июн, дар Куала-Лумпури Малайзия қуръакашии марҳилаи чорякниҳоии Ҷоми КФО-2015 баргузор шуд. Аз рӯи натоиҷи қуръакашӣ чемпиони секаратаи Тоҷикистон “Истиқлол”-и пойтахт дар чорякфинали мусобиқа бо “Паҳанг”-и Малайзия рақобат мекунад. Бозии аввал рӯзи 26 август дар Душанбе ва бозии ҷавобӣ рӯзи 16 сентябр дар Куантани Малайзия доир мешавад. Дар сурати муваффақият ва баромадан ба даври нимниҳоии мусобиқа, ғолиби ҷуфти СК “Кувайт” (Кувайт) – “Китчи” (Гонконг) рақиби чемпиони мо мешавад.

 

Ҷоми КФО-2015

Чорякфинал. Бозиҳои якум

25-26 август (сешанбе, чоршанбе)

«Ал-Қадсия» (Кувайт) – «Ал-Ҷайш» (Сурия)

СК «Кувайт» (Кувайт) – «Китчи» (Гонконг)

«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – «Паҳанг» (Малайзия)

«Ҷоҳор Дорул Такзим» (Малайзия) – «Саут Чайна» (Гонконг)

 

Чорякфинал. Бозиҳои ҷавобӣ

15-16 сентябр (сешанбе, чоршанбе)

«Ал-Ҷайш» (Сурия) – «А-Қадсия» (Кувайт)

«Китчи» (Гонконг) – СК «Кувайт» (Кувайт)

«Паҳанг» (Малайзия) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН)

«Саут Чайна» (Гонконг) – «Ҷоҳор Дорул Такзим» (Малайзия)

 

Нимфинал. Бозиҳои якум

29-30 сентябр (сешанбе, чоршанбе)

Ғолиби ҷуфти «Ал-Қадсия»/«Ал-Ҷайш» – Ғолиби ҷуфти «Ҷоҳор Дорул Такзим»/«Саут Чайна»

Ғолиби ҷуфти СК «Кувайт»/«Китчи» – Ғолиби ҷуфти «ИСТИҚЛОЛ»/«Паҳанг»

 

Нимфинал. Бозиҳои ҷавобӣ

20-21 октябр (сешанбе, чоршанбе)

Ғолиби ҷуфти «Ҷоҳор Дорул Такзим»/«Саут Чайна» — Ғолиби ҷуфти «Ал-Кадсия»/«Ал-Ҷайш»

Ғолиби ҷуфти «ИСТИҚЛОЛ»/«Паҳанг» —Ғолиби ҷуфти  СК «Кувайт»/«Китчи»

Добавить комментарий