Муҳофизатгари бошгоҳи футболи “Хуҷанд” Манучеҳр Ахмедов (дар акс якум аз тарафи рост), ки барои омодагӣ дар бозӣ бо Австралия ба ҳайати мунтахаби миллии кишвар даъват шуда буд, қароргоҳи тими миллиро тарк намуда, айни замон дар Баҳрайн қарор дорад.
Он гуна, ки ба торнамои расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон худи бозигар хабар дод, айни замон ӯ дар азназаргузарӣ дар бошгоҳи футболи “Ал-Аҳли” қарор дорад. “Ал-Аҳли” соли гузашта дар лигаи якуми Баҳрайн баромад карда, имсол ба премер-лигаи ин кишвар баромад.
Иҷрокунандаи вазифаи сармураббии мунтахаби миллии Тоҷикистон Мубин Эргашев иброз намуд, ки ба ҷои Манучеҳр Ахмедов бозигари дигарро ба ҳайати мунтахаби миллӣ даъват намекунад. Ба иттилои Эргашев айни ҳол ду муҳофизатгари мунтахаби миллӣ – Далерҷон Тухтасунов (“Регар-ТадАз”) ва Ҷаҳонгир Ҷалилов (“Истиқлол”) низ лат бардошта табобат мегиранд. Бо ин сабаб ҳар дуи онҳо дар бозии санҷишии мунтахаби миллӣ бо мунтахаби бошгоҳҳои кишвар (1:0) ширкат накарданд. Интизор меравад, ки аз пагоҳ сар карда ҳар ду бозигар дар гурӯҳи умумӣ ба тамрин шуру мекунанд.
Ёдовар месозем, ки бозии даври чоруми марҳилаи интихобии ҶҶ-2018 байни мунтахабщои миллии Тоыикистону Австралия рӯзи 8 сентябр, соати 18.00 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор мешавад.