Сафири Россия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов боварӣ дорад, ки дар бозии рафиқона байни «Истиқлол» – «Локомотив» дӯстӣ ғалаба мекунад.
Ёдрас мешавем, ки рӯзи 26-уми июн дар Вазишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ бозии байналмилалии дӯстона байни «Истиқлол» (Душанбе) ва «Локомотив» (Москва) баргузор мешавад.
«Новобаста ба баромади бебарори мунтахаби миллии Россия дар Ҷоми Аврупо-2016 шақу ҳаваси мо ба футбол кам намешавад. Мо кӯшиш мекунем, ки ҳамкориямонро бо Тоҷикистон дар соҳаи варзиш низ рушд диҳем. Гузаронидани бозии дӯстона бо «Локомотив»-и Москва ғоя ва нияти Федератсияи футболи Тоҷикистон буд, аммо дар амалӣ гардонидани он Сафорати ФР дар Тоҷикистон ҳам иштирок намуд», – қайд кард Игор Лякин-Фролов.
«Ман боварӣ дорам, ки бисёр бозии шавқовар мешавад, – гуфт сафир. – Сармураббии «Локомотив» Игор Черевченко зодаи шаҳри Душанбе аст. Ба ҳайси бозигари собиқи «Помир» ва ҳамчун дӯсти наздики Тоҷикистон, ӯ зуд-зуд ба ин ҷо меояд»
«Албатта, дӯстӣ ғалаба мекунад – пешгӯӣ намуд Игор Лякин Фролов. Ин гунна бозиҳо бояд ҳамин хел анҷом ёбанд».
Ба андешаи сафири Россия, баргузории ин бозии дӯстона рӯйдоди муҳиме дар таҳкими муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Россия гардида, ҷиҳати қавӣ шудани ҳамдигарфаҳмии халқҳои ҳар ду кишварҳо мусоидат менамояд.
Игор Лякин Фролов боварӣ дорад, ки ин иқдоми «Локомотив» барои клубҳои футболи дигари Россия намуна хоҳад шуд. «Дар Тоҷикистон бояд майдонҳои хуби футболбозии дорои шароитҳои хуб бошанд. Он вақт клубҳои футболи Россия барои баргузории ҷамъомадҳои омӯзишӣ-машқии худ ба Тоҷикистон меоянд», – баён намуд сафир.