Футзал: мунтахаби Эрон чемпиони 11-каратаи Осиё шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Футзал: мунтахаби Эрон чемпиони 11-каратаи Осиё шуд

Чемпионати футзали Осиё-2016 бо ғалабаи мунтахаби Эрон анҷом ёфт. Рӯзи якшанбеи 21 феврал дар бозии ниҳоӣ футзалистони Эрон бар дастаи мизбони мусобиқаи имсола мунтахаби Узбекистон бо ҳисоби 2 бар 1 пирӯз шуд.

Дар бозӣ барои ҷои сеюм бошад, ду мунтахаби ҳамгурӯҳи дастаи мо дар марҳилаи гурӯҳӣ – Ветнам ва Тайланд рақобат карданд. Ёдрас мешавем, ки дар марҳилаи гурӯҳӣ мунтахаби футзали Тоҷикистон  аз Тайланд бо ҳисоби 4 бар 5 ва аз Ветнам бо ҳисоби 1 бар 8 мағлуб шуда буд.

Медалҳои биринҷии чемпионати футзали Осиё-2016 насиби мунтахаби Тайланд шуд. Тайланд дар бозӣ барои ҷои сеюм бар футзалистони ветнамӣ бо ҳисоби калони 8 бар 0 дастболо шуд.

Ҳаминро қайд мекунем, ки ба чемпионати футзали ҷаҳон-2016, ки моҳи сентябр дар Колумбия доир мешавад, мунтахабҳои Эрон, Узбекистон, Тайланд, Ветнам ва Австралия баромаданд.

 

Чемпионати футзали Осиё-2016

1/4 финал

Узбекистон – Ироқ – 3:0

Тайланд – Австралия – 6:1

Эрон – Қирғизистон – 7:0

Япония – Ветнам – 4:4. Бо пеналти – 1:2

Плей-офф барои чои 5-ум

Ироқ – Австралия – 3:5

Қирғизистон – Япония – 6:2

Бозӣ барои ҷои 5-ум

Қирғизистон – Австралия – 1:3

Бозиҳои 1/2 финалӣ

Узбекистон – Тайланд – 2:2. Бо пеналти – 3:1

Эрон – Ветнам – 13:1

Бозӣ барои ҷои сеюм

Тайланд – Ветнам – 8:0

Финал

Узбекистон – Эрон – 1:2

Добавить комментарий