Бозии “Хуҷанд” – “Регар-ТадАЗ”-ро Сайёд Зайниддинов хакамӣ мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Бозии “Хуҷанд” – “Регар-ТадАЗ”-ро Сайёд Зайниддинов хакамӣ мекунад

Доварону нозирони хизматрасони бозиҳои даври сездаҳуми чемпионати футболи Тоҷикистон таъин шуданд. Бозии марказии даврро миёни “Хуҷанд”-и Хуҷанду “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бригадаи Сайёд Зайниддинови душанбегӣ хизматрасонӣ мекунад. Ин бозӣ рӯзи якшанбеи 13 сентябр, соати 16.30 дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд доир мегардад.

Қобили қайд аст, ки бо қарори Шӯрои Кумитаи Иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар тақвими бозиҳои даври сездаҳуми чемпионати мамлакат, тағийрот ворид карда шуд. Бозиҳои байни “Истиқлол”  – “Далерон-Уротеппа” ва “Вахш” – “Хайр”, ки бояд рӯзи якшанбеи 13 сентябр доир мешуданд ба ҷумъаи 11 сентябр гузаронида шуданд. Ин тағийрот дар ҷадвали мусобиқа, вобаста ба иштироки чемпиони секаратаи Тоҷикистон “Истиқлол”-и Душанбе, дар бозии ҷавобии чорякфинали Ҷоми АФК бо “Паҳанг”-и Малайзия  ва баргузории ҷамъомади таълимӣ – машқии мунтахаби ҷавонони зери 19 солаи Тоҷикистон дар Эрон ворид карда шуд. Дастаи “Вахш”-и Қӯрғонтеппа асосан аз ҳисоби бозигарони мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон, ки рӯзи якшанбеи 13 сентябр ҷиҳати баргузории ҷамъомади омӯзишӣ – машқӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон сафар мекунад, созмон ёфтаст.

 

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 13-ум

11 сентябр (ҷумъа)

Оғози бозиҳо соати 16:30

«ИСТИҚЛОЛ» «ДАЛЕРОН-УРОТЕППА»

Сардовар: Парвиз Муртазоев (Душанбе).

Ёварон: Рустамбек Хуҷаев (Қабодиён), Насим Ҳамидов (Душанбе).

Довари эҳтиётӣ: Амирҷон Хоркашев (Душанбе).

Нозири бозӣ: Абдураҳим Бобоев (Турсунзода).

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

 

«ВАХШ» «ХАЙР»

Сардовар: Диловаршоҳ Орзуев (Ҳисор).

Ёварон: Ҳамза Шоймардонов, Исматулло Муминов (ҳар ду аз Хуросон).

Довари эҳтиётӣ: Алимирзо Хоҷаев (Қӯрғонтеппа).

Нозири бозӣ: Насриддин Азизов (Қабодиён).

Қӯрғонтеппа, варзишгоҳи «Пахтакор»

 

12 сентябр (шанбе)

Оғози бозиҳо соати 16:30

КМВА «ПОМИР» «БАРҚИ ТОҶИК»

Сардовар: Баҳром Саъдуллоев (Қӯрғонтеппа).

Ёварон: Некрӯз Умаров (Қӯрғонтеппа) Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе).

Довари эҳтиётӣ: Ҷамолиддин Оев (Варзоб).

Нозири бозӣ: Алишер Урунов (Душанбе).

Душанбе, варзишгоҳи КМВА Вазорати мудофиаии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

«ПАРВОЗ» «РАВШАН»

Сардовар: Хусрави Сиддиқзод (Душанбе).

Ёварон: Сафармаҳмад Шоймардонов (Хуросон), Сайвалӣ Турдиев (Қӯрғонтеппа).

Довари эҳтиётӣ: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

Нозири бозӣ: Комрон Шодиев (Душанбе).

ноҳияи Бободҷон Ғафуров, варзишгоҳи «Фурудгоҳ»

 

13 сентябр (якшанбе)

Оғози бозӣ соати 16:30

«ХУҶАНД» «РЕГАР-ТАДАЗ»

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

Ёварон: Сафармаҳмад Шоймардонов (Хуросон), Сайвалӣ Турдиев (Қӯрғонтеппа).

Довари эҳтиётӣ: Хусрави Сиддиқзод (Душанбе).

Нозири бозӣ: Комрон Шодиев (Душанбе).

Хуҷанд, варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»

Добавить комментарий